Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Низомии Бохарзӣ

Низомии Бохарзӣ

Низомии Бохарзӣ Мавлоно Камолуддин Абдулвосеъ ибни Ҷалолуддини Мутаҳҳар (соли таввалуд ва вафоташ  номаълум), нависанда ва шоири асри 15 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Бохарз. Пас аз касби камол дарбори султон Ҳусайни Бойқаро ҳамчун муншӣ хидмат карда, ба таълифи таърихи салтанати султон пардохтааст. Азбаски дар он ташбеҳоту истиороти зиёде оварда буд, ба сул­тон Ҳусайн мақбул нашуд. Аз Низомии Бохарзӣ қасида, қитъа, номаҳо ва шеърҳои ҳачвӣ боқӣ мондааст. Инчунин бо номи «Мақомоти ҳазрати Мавлавӣ Ҷомӣ» асари ёддоштие таълиф кар­дааст.

Низомии Бохарзӣ асари мазкурро соли 1492 андаке пеш аз вафоти Ҷомӣ ба навиштан шурӯъ карда, пас аз вафоташ ба итмом расондааст. Дар ин асар роҷеъ ба ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти эҷодию шӯҳрати Ҷомӣ, манзараи умумии ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва илмию мадании шаҳри Ҳирот маълумоти муҳим медиҳад. Низомии Бохарзӣ воқеаву ҳодисаҳоро дар китоб аз номи худи Ҷомӣ ва шарикдарсону шогирдонаш нақл мекунад. Ӯ худро шогирди Ҷомӣ медонад ва бино ба гуфтааш қариби панҷоҳ сол бо Ҷомӣ ҳамсӯҳбат будааст.

Ад.: Алишер Навоий, Маҷолис-ун-нафоис, Тошкент, 1961; В о ҳ и д о в С., Хотироти Камолиддин Абдулвосеъ дар бо­раи Ҷомӣ, дар.маҷм.: «Ҷашнномаи Ҷо- мӣ», Д., 1966.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …