Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Низомии Бохарзи

Низомии Бохарзи

Низомии Бохарзи Мавлоно Камолуддин Абдулвосеъ ибни Чалолуддини Мутаххар (соли таввалуд ва вафоташ  номаълум), нависанда ва шоири асри 15 форс-точик. Зодгохаш Бохарз. Пас аз касби камол дарбори султон Хусайни Бойкаро хамчун мунши хидмат карда, ба таълифи таърихи салтанати султон пардохтааст. Азбаски дар он ташбехоту истиороти зиёде оварда буд, ба сул­тон Хусайн макбул нашуд. Аз Низомии Бохарзи касида, китъа, номахо ва шеърхои хачви боки мондааст. Инчунин бо номи «Макомоти хазрати Мавлави Чоми» асари ёддоштие таълиф кар­дааст.

Низомии Бохарзи асари мазкурро соли 1492 андаке пеш аз вафоти Чоми ба навиштан шуруъ карда, пас аз вафоташ ба итмом расондааст. Дар ин асар рочеъ ба чараёни зиндаги, фаъолияти эчодию шухрати Чоми, манзараи умумии хаёти сиёсию ичтимои ва илмию мадании шахри Хирот маълумоти мухим медихад. Низомии Бохарзи вокеаву ходисахоро дар китоб аз номи худи Чоми ва шарикдарсону шогирдонаш накл мекунад. У худро шогирди Чоми медонад ва бино ба гуфтааш кариби панчох сол бо Чоми хамсухбат будааст.

Ад.: Алишер Навоий, Мачолис-ун-нафоис, Тошкент, 1961; В о х и д о в С., Хотироти Камолиддин Абдулвосеъ дар бо­раи Чоми, дар.мачм.: «Чашнномаи Чо- ми», Д., 1966.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …