Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 55)

Архив Месяца: May 2017

Наган

2

Наган, тапончае, ки аслиҳасози белгиягӣ Наган (Nagant) охири асри 19 ихтироъ кардааст. Дар армияҳои Россия, Шветсия, Австрия—Венгрия ва ғайра маъмул буд. Дар Армияи Сурх то Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Нагани намунаи соли 1895 (калибраш 7,62 мм, масофати тирпарониаш то 100 м, ғуичоиши тирдонаш 7 тир) истифода мешуд.

Муфассал »

Деҳаи Навҷавон

2

Навҷавон, деҳаест дар Совети қишлоқи Меҳнатободи райони Коммунисти, вилояти Қургонтеппа. Территорияи колхозу «Коммунизм». Аз Навҷавон то маркази Совети қишлоқ- 7 км, то район 14 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 500 нафар (1982), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо ба воситаи канал аз дарёи Вахш обёрӣ ме- шаванд. …

Муфассал »

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ

2

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Бухоро умр ба cap бурдааст. Навҳа мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам дар замони таълифи тазкира барҳаёт будааст. Навҳа соҳиби хати хуб буда, бо китобат рӯз мегузаронид. Абёти боқимондаи шоир (дар тазкираву …

Муфассал »

Навъсанҷӣ

Навъсанҷӣ тадқиқ, баҳодиҳӣ ба навъу дурагаҳои зироати хоҷагии қишлоқ (бо муқоисаи навъҳои стандартӣ) ва муайян намудани қобили парваришии онҳо дар шароити истеҳсолӣ. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Навъсанҷии стансионӣ ва давла­тӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми Навъсанҷии стаисионӣ навъро дар замини муассисае, ки онро ба даст овардааст, 2—3 сол меомӯзанд ва дар як вақт …

Муфассал »

Навъии Хабӯшонӣ

2

Навъии Хабӯшонӣ  Мулло Муҳаммадризо (1562/1563, шаҳри Хабӯшони Хуросон —1610/1611, шаҳри Бурҳонпур), шоири эронӣ. Аз оилаи савдогар (баъдтар шайхи бузург). Дар ҷавонӣ бо падараш ба Кошон сафар карда, шогирди Мавлоно Музрташами Кошонй мешавад. Сипае ҳамроҳи падар Ҳиндустонро саёҳат кар­да, муддате дар Гучарот муқим мегардад. Баъди баргаштан ба ватан дар Машҳад умр …

Муфассал »

Навъи растанӣ

2

Хели растанӣ, к у л т и в а р, маҷмӯи раста- ниҳоест, ки бо роҳи селекксионӣ ба вуҷуд омадаанд ва аломату хусусиятҳои муайяни морфологию физио­логӣ ва хоҷагии худро аз насл ба насл мегузаронанд; воҳиди таснифотӣ растаниҳои мазрӯъ. Навъи растанӣ маҳаллӣ ва селоксионӣ мешавад Навъҳои м а ҳ а л …

Муфассал »

Навъбарқароркунӣ

2

Навъбарқароркунӣ – даври иваз шудани навъҳои растании сифатҳои биология xoҷагиашон паст (дар натиҷаи ғун шуда пи мутатсияи манфӣ, ифлосии механикӣ, ноустуворӣ ба касалию ҳашароти зараррасон ва дигар омилҳои номусоиди муҳит) бо тухми навъҳои серҳосили хушсифат (элитаҳо ва ғайраҳо). Навъбарқароркуни одатан баъди ҳар 4—5 сол ё ҳангоми зарурӣ гузаронида мешавад. Ниг. …

Муфассал »

Навуходоносори II

2

Навуходоносори II (соли таваллудаш номаълум — 562 то мелод), шоҳи Бобулистон (ҳукмрониаш 605—562 то мелод). Соли 607 фармондеҳи лашкари бобулиҳо шуда, баъди ба тахт нишастан соли 605 дар назди Кархемиш (Сурия) ба мисриён зарбаи ҳалокатовар расонд ва Сурияю Фаластинро ишғол намуд. Соли 601 ба Миср юриш ташкил кард. Дар задухӯрд …

Муфассал »

Наврӯзӯ

2

Наврӯзӯ гули наврӯзӣ, наврӯзгул, гули баҳор, гу­ли саврак (Juno),ҷинси гиёҳҳои пиёзакбехи бисёрсолаест аз савсаниҳо; гули маъмули навбаҳор. Баландиаш 10—50 см. Баргҳояш одатан досшакл буда, дар поя пай дар ҳам ҷой гирифтаанд. Баргҳои қисми поёни поя нисбат ба баргҳои қисми боло дароз ва барашон васеъ аст. Дар як бехи Наврӯзӣ аз …

Муфассал »

Асари «Наврузнома»

2

«Наврузнома» асарест дар кашфи ҳақиқати Наврӯз, рӯзи ҷашн гирифтани он, инчунин дар бо­раи оини ҳукуматдории шоҳони Эрон ва масоили мухталифи таърихӣ, этнографӣ, тиббӣ ва ғайра. Ба Умари Хайём нисбат дода мешавад. Аз муқаддима — «Oғози китоби «Наврӯзнома» ва 14 боб иборат аст. Дар «Оғоз» ва инчунин боби «Омадани мубади мубадон …

Муфассал »