Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 4)

Архив Месяца: May 2017

Посёлкаи Нефтобод

0

Нефтобод, посёлкаи типи шаҳрӣ (аз 28 ноябри 1938) дар pайони Ис- фараи вилояти Ленинобод. Аз Нефтобод то маркази район 12 км. Аҳолиаш 3872 нафар (1981), тоҷикон, ӯзбекҳо ва ғайраҳо Посёлка мактаби миёна, омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, клуб, боғчаи бачаҳо, 2 ошхона, шӯъбаи алоқа ва муассисаҳои хизмати маишӣ дорад. Нефтобод ба муносибати …

Муфассал »

Нефтепровод

0

Нефтепровод, комплекси иншоот барои интиқоли нефт ва маҳсуло­ти коркарди он аз ҷои истеҳсол то мавқеи истеъмол ё мавқеи ҳамл тавассути нақлиёти роҳи оҳан ё нақлиёти обӣ. Нефтепровод аз ғулбаҳои зеризаминию зериобӣ, стансияҳои насосии нефткашӣ (асосӣ ва мобайнӣ), анборҳои нефт, иншооти хаттӣ ва ёрирасон иборат аст. нефтепроводҳои конҳо, заводҳо, ба­заҳои нефт …

Муфассал »

Шаҳри Нефтекамск

0

Нефтекамск, шаҳрест дар РАСС Бошқ. Маркази райони Краснокамск. 8 км дуртар аз деҳаи Кама воқеъ аст. Шохаи роҳи оҳан Нефтекамскро бо ст. Амзя (дар хати Назон—Свердловск) мепайвандад. Аҳолиаш 66 ҳазор нафар (1978). Комбинати чарми сунъӣ, заводҳои маснуоти оҳану бетонӣ, автосамосвал, шир, пиво, комбинати гӯшт дорад. Саноати ҷангал ва химияи ҷангал …

Муфассал »

Нефт

0

Нефт, нафт, моеи равғанмонанди сӯзандаест, ки бӯи махсус дорад ва дар қабати таҳшинии замин паҳн шудааст. Яке аз муҳимтарин сарватҳои табиӣ мебошад. Якҷоя бо карбогидридҳои газшакл, одатан, дар чуқурии зиёда аз 1,2—2 км ҳосил ме­шавад. Дар рӯи замин ба моеи ғализ ё моддаи сахт (асфалт) табдил меёбад. Маълумоти умумӣ, таркиби …

Муфассал »

Нефросклероз

0

Нефросклероз (аз юн. nephros— гурда ва склероз), аз атеросклерози артериолаҳо иллат ёфтани гурда. Нефросклероз дар вақти бемории вазнини гипертонӣ, нефрити музмин ва пиелонеф­рит ба вуҷуд меояд. Аломатҳои асосии он бо пешоб хориҷ шудани сафеда ва хун мебошад. М у о л и ҷ а: аз хӯроки шур парҳез кардан, истеъмоли …

Муфассал »

Нефрология

0

Нефрология (аз юн. nephros — гурда ва …логия), як фасли илми тиб, ки физиологияи нормали ва па­тологии гурда ва муолиҷаю пешгирии бемориҳои онро меомӯзад. Бемориҳои гурда, аз қабили нефрит, нефроз, нефросклероз, пиелонефрит, амилоидоз, пефропатияи занони ҳомил ва ғайра аз бемориҳои бештар паҳншудаи узвҳои дарунӣ ба ҳисоб мераванд ва ба онҳо …

Муфассал »

Нефроз

0

Нефроз (аз юн. nephros —гурда), синдроми нефрозӣ, бемориест, ки ҳангоми гирифтори ба он бештар капиллярҳои гурда иллат меё­банд. Дар натиҷаи бемориҳои неф­рит, диабети қанд сироят ва айзфолудшавӣ ба вуҷуд меояд. Баъзан бачагони 3—5-сола ба Нефроз гирифтор мешаванд. Аломатҳои Hефроз бо пешоб хориҷ шудани сафеда ва дар хун зиёд шудани миқдори …

Муфассал »

Бемории Нефрит

0

Нефрит (аз юн. nephros—-гурда), г л о м е р у л о н е ф р и т, бемории гурдаро гӯянд, ки ҳангоми гирифторӣ ба он асосан калобачаҳои гурда иллат меёбанд. Нефрит ду хел мешавад: Нефритии диффузӣ ва ҷузъи. Дар вақти Нефрити диффузӣ ҳамаи калобачаҳои гурда ва ҳангоми Нефрити …

Муфассал »

Нефрит

0

Нефрит (аз юн. nephros — гурда; дар замони қадим чунин мепиндош- танд, ки Нефрит ба дарди гурда давост), як навъи минералҳои актинолит ва тремолит. Сохти дарунии Нефрит аз нахҳои басо маҳини микроскопии но- мунтазам иборат аст. Рангаш сафед, зард, сурх, сиёҳ, сабз, баъзан рангоранги нақшин ё рах-рах мешавад. Тахтачаҳои тунуки …

Муфассал »