Намангон шаҳри маркази маъмурии вилояти Намангони РСС Ӯзбекистон Дар қисми шимоли водии Фарғона вокеъ аст. Стансияи роҳи оҳан (дар хати Қӯқанд — Учқӯрғон—Андиҷон). Аз шаҳр Канали Шимоли Фарғона мегузарад. Аҳолиаш 227 ҳазор нафар (1979). Маркази калони саноати сабук (2 заводи пахтатозакунӣ, комбинатҳои истеҳсоли матоъҳои абрешимӣ ва костюмбоб аз нахи сунъӣ, …
Муфассал »Архив Месяца: May 2017
Намакҳои табиӣ
Намакҳои табиӣ номи шартии гурӯҳи минералҳое, ки дар табиат бо роҳи таҳшиншавӣ ҳосил мегарданд. Таркиби химиявиашон аз хлорид ва сулфатҳои натрий, калий, магний иборат аст. Муҳимтарин И. т.: намаксанг (галит), силвин, карналлит, каинит, полагалит, лангбейнит, мирабилит, тенардит. Вобаста ба шароит ва вақти пайдоиш конҳои Намакҳои табии се хел аст; конҳои …
Муфассал »Намакҳои калий
Ҷинсҳои кӯҳҳи таҳшинест, ки аз минералҳои калий ва калию магнийдори дар об нагз ҳалшаванда иборат аст. Муҳимтарин минералҳояш с и л в и н (КС1; 52,44% К), карналлит (КС1 • MgCl, • 6H2O; 35,8% К), каинит (KMg[SO4]Cl • ЗН2О; 14,07% К), п о л и г а л и т …
Муфассал »Намакҳо
Намакҳо синфи пайвастҳои химиявӣ, моддаҳои кристаллиеанд, ки дар шароити муқаррарӣ сохти ионӣ доранд. Дар асоси назарияи диссо- тсиатсияи электролитӣ Намакҳо дар маҳлул ба ионҳои мусбат заряднок — катионҳо (асосан металлҳо) ва ионҳои манфӣ заряднок — анионҳо диссотсиатсия мешаванд. Намакҳо миёна (ё ки нейтралӣ), турш, асосӣ, дучанда, омехта ва комплексӣ мешаванд. …
Муфассал »Намаксанг
Г а л и т, 1) минероали галит, аз рӯи таркиби химиявӣ хлориди натрий NaCl (Na —39,34%, Cl — 60,66%). Системаи кристаллбандиаш кубӣ. Дар табиат ба шакли агрегатҳои кристаллии донадор вомехӯрад. Галити холис берангу шаффоф аст, аммо аз сабаби бо гил, моддаҳои органики, оксидҳои оҳан ва ғайра омехта буданаш аксар …
Муфассал »Намаки ош NaCl
Намаки ош хлориди натрий (NaCl), як навъ моддаи беранги кристаллиро гӯянд, ки аз муҳимтарин маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад. Зичиаш 2161 кг/м3; t гуд. 801° С; t ҷӯш. 1413° С; сахтнаш 2. Ҳалшавандагии Намак ош дар об ба ҳисоби : 26,28 (0° 01, 26,43 (25° С), 28, 12 (100° С). …
Муфассал »Намаки глаубер
Намаки глаубер, ниг. Мирабилит.
Муфассал »Деҳаи Намадгӯти боло
Намадгӯти боло деҳаест дар Совети қишлоқи Ишкошими райони Ишкошими ВАБК. Территорияи совхози ба номи И. Исмоилов. Аз Намадгӯти Боло то маркази Совети қишлоқ 17 км, то район 17 км. Аҳолиаш 435 нафар (1982), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа ва ГЭС дорад. Аҳолӣ бо чорводорӣ, зироаткорӣ …
Муфассал »Намад
Намад як навъ маснуоти нашмист, ки дар байни халқҳои Шарқ, хусусан Осиёи Миёна ва Қазоқистон, аз қадим маъмул буд. Барои тайёр намудана Намад намадгарҳо пашми буз ё гӯсфандро ба андозаи лозима паҳн карда, ба болои он оби ҷӯш пошида, онро мемолиданд. Баъд лӯлаи мазкурро ресмонпеч карда, ду кас дар ду …
Муфассал »Пойтахти Налчик
Налчик пойтахти РАСС Каб. Балқ. Дар доманаи шим Кавкази Калон, дар соҳили дарё Налчик воқеъ гаштааст. Аз Налчик роҳи автомобилгарди Ростони Дон — Боку мегузарад. Ба воситаи шохаи роҳи оҳани (41 км) бо стансияи Котляревская алоқаманд аст. Тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи июл 21°С), зимистонаш мӯътадил (ҳарорати миёнаи январ —4° С). …
Муфассал »