Намакҳои табиӣ номи шартии гурӯҳи минералҳое, ки дар табиат бо роҳи таҳшиншавӣ ҳосил мегарданд. Таркиби химиявиашон аз хлорид ва сулфатҳои натрий, калий, магний иборат аст. Муҳимтарин И. т.: намаксанг (галит), силвин, карналлит, каинит, полагалит, лангбейнит, мирабилит, тенардит. Вобаста ба шароит ва вақти пайдоиш конҳои Намакҳои табии се хел аст; конҳои тахшинни зеризаминӣ, ки дар яке аз давраҳои гузаштан геологӣ ҳосил шудаанд. Дар ин гуна конҳо намак чун санг сахт буда, дар шакли қабаҳои ғафс ё гумбазмонанд хобидааст (конҳои намаксанги Хоҷамӯъмин, Хоҷасартез, Норак ва ғайра). Аз ин гуна конҳо 30% Намакҳои табиии ҷаҳон гирифта мешавад.
Чашмаҳои ш ӯ р ё намакобҳо дар натиҷаи намаки конҳоро шуста, баромадани обҳои зеризаминӣ ба вуҷуд меоянд. Зиёда аз 50% -и намаксанг аз ҳамин гуна конҳо бо роҳи такшон гирифта мешавад – (масалан, дар pайони Восеи вилояти Кӯлоб намаки ошро аз намакобҳои кони Хоҷамӯъмин ҳамин тавр ба даст меоранд). Конҳои намак и замони ҳ о з и р а (кӯл, халиҷ ва лагунаҳои шӯр), ҳаҷму захираашон нисбатан кам бошад ҳам, дар кураи Замин бештар паҳн гаштаанд. Аз сабаби осону дастрас будани коркарди онҳо баъзеашон аҳамияти саноатӣ пайдо кардаанд (кӯлҳои Бос- кунчоқу Элтон, Қаробуғозгол ва кӯлҳои Сибири Ғарбию Қазокистон). Ба ин тип инчунин баҳру уқёнусҳои ҳозира дохил мешаванд. Аз ин гуна конҳо қариб 20% Намакҳои табииро мегиранд.