Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 38)

Архив Месяца: May 2017

Намозгоҳ

2

Намозгоҳ масҷидест, ки дар он рӯзҳои иди қурбон ва рамазон намоз мехонданд. Азбаски дар рӯзҳои иди динӣ масҷидҳои шаҳр ҳамаи намозхононро ғунҷоида наметавонист, дар беруни шаҳр Намозгоҳ сохта мешуд. Намозгоҳ ба тарзи анъанавӣ бино ёфта, бештар дар пеши девори меҳроб пешайван ва суфача сохта ме­шуд. Баъзе масҷидҳои Намозгоҳ аз ҷиҳати …

Муфассал »

Намоз

2

Намоз ( дуо, ибодат), яке аз рукнҳои асосии ислом (нигаред Аркони дин), салоти ҳаррӯзаю панҷвақта (Намози бомдод, Намози пешин, Намози аср, Намози шом, Намози хуфтан). Фақеҳони ислом ба ин рукн аҳамияти калон дода, Намозро фармоиши Худо ва аз ин ҷиҳат ба ҷо овардани онро ҳам фарзу ҳам суннат мешуморанд.  Ҳангоми намозхонӣ …

Муфассал »

Намлаи пилк

2

Намлаи пилк мурчадаваки  пилк, доначаест сурхи сӯзон, ки дар пилки чашм падид меояд ва андак варам карда паҳн мешавад.

Муфассал »

Намла

2

Намла (ар. — мӯрча), донаҳои ҷӯшишмонанде, ки дар бадан зоҳир мегарданд. Он бо хориш ва сӯзише, ки гуё мурча газида истода бошад, ҳис мешавад. Мавзеи он андак варам мекунад ва пӯсти атрофро сироят менамояд; бемор гӯё роҳ гаштани мурчаро ҳис мекунад.

Муфассал »

Намии ҳаво

2

Намии ҳаво, миқдори буғи об дар ҳавост; яке аз характеристикаи муҳими обу ҳаво ва иқлим аст. Намии ҳаво дар рафти ҷараёни баъзе просесс- ҳои технологӣ, табобати як қатор бемориҳо, маҳфуз доштани асарҳои санъати тасвирӣ, китоб ва ғайра аз омилҳои муҳим ҳисоб меёбад. Характеристикаҳои Намии ҳаво инҳоанд: 1) чандирӣ (ё фишори …

Муфассал »

Намибия

2

Намибия (Namibia; то 1968— Африкаи Ҷанубу Ғарбӣ), мамлакатест дар Африкаи Ҷанубӣ, ки онро РАҶ зӯран ишғол кардааст. Масоҳаташ 824,3 ҳазор км2. Аҳолиаш 1200 ҳазор нафар (1977). Маркази маъмуриаш— Винд­хук (65 ҳазор нафар) Забонҳои расмӣ- африкаанс ва англисӣ. Намибияро маъму- ре, ки президенти РАҶ таин менамояд, идора мекунад. Намибия бар хилофи …

Муфассал »

Намиб

2

Намиб (Namib), биёбонест дар назди  соҳилҳои ҷанубу ғарбии Африка, асосан дар Намибия. Тӯлаш қариб 2100 км, бараш аз 50 то 130 км. Сатҳаш ҳамвори зина-зина, баландиаш то 1000—1200 м. Қисми шимолиаш санглоху регзор, ҷанубнаш — санглох. Ба туфайли бодҳои хунуки уқёнусӣ ҳарорати ҳавои биёбон доимо паст, зимистон +12, +13° С, …

Муфассал »

Намёткин Сергей Семёнович

2

Намёткин Сергей Семёнович (03. 07. 1876, Қазон — 05. 08. 1950, Москва), химик — органики советӣ, акад. АФ ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1930; аъзо-корр. 1932), Ходими Хизматнишондодаи Илм ва Техникаи РСФСР (1947). Баъди хатми Университети Москва (1902) дар ҳамонҷо кор кардааст. Шогирди Н. Д. Зе­линский. Намёткин ҳамчун нишони эътироз соли 1911 ба …

Муфассал »

Намаш

2

Намаш (ар. —кунҷидак), га н д у м а, калаф, какмак, доғҳои ба кунҷид монанде, ки дар пӯсти бадан зоҳир мегардад. Он бештар дар рухсора пайдо мешавад.

Муфассал »

Вилояти Намангон

2

Намангон вилоятест дар ҳайати РСС Ӯзбекистон 18 декабри 1967 ташкил шудааст (аввал аз 6 марти 1941 то 25 январи 1960 вуҷуд дошт). Дар қисми шарқии республика ҷойгир аст. Масоҳаташ 7,9 ҳазор км2. Аҳолиаш 1100 ҳазор нафар (1979). Ба 10 район тақсим шуда, 6 шаҳр ва 9 птш дорад. Мар- казаш …

Муфассал »