Насос (лот. Antlia), бурҷест дар Нямкураи шимолии осмон. Қадри ситоравии зоҳирии муниртарин ситорааш аз 4,0 зиёд аст. Шароити мусоиди мушоҳида моҳи феврал. Аз мавзеъҳои марказӣ ва ҷанубӣ СССР мушоҳида кардан мумкин аст.
Муфассал »Архив Месяца: May 2017
Насонов Николай Викторович
Насонов Николай Викторович (26. 2. 1855, Москва —11. 2. 1939, ҳамон ҷо), зоологи советӣ, академик АФ Петербург (1906; аъзо-корреспондент 1897). Соли 1879 Университети Москваро хатм кардааст. Солҳои 1889—1906 профессори Университети Варшава, 1906—21 директори Музеи зоология ва 1921—31 мудири лабораторияи зоологияи таҷрвбавии АФ СССР. Н. асосан морфология, систематика, зоогеография, экология ва …
Муфассал »Насонов Дмитрий Николаевич
Насонов Дмитрий Николаевич (10. 7. 1895, Варшава — 21. 12. .1957, Ленинград), патофизиологи советӣ, аъзо-корреспондент АФ СССР (1943), академик АИТ СССР (1945). Писари Н. В. Насонов. С. 1919 баъди хатми Университети Петроград дар ҳамон ҷо ва дар Институти умумииттифоқии тибби тақрибавӣ (1933—50) кор кардааст. Аз соли 1935 профессор Университети давлатии …
Муфассал »Наследовит
Наследовит, минерал, таркиби химиявиаш: (Pb, Mn, Mg, Zn). Ба шарафи Б. Н. Наследов номида шудааст. Наследовит дар тарқишҳои байни ҷинсҳои гранодиорит-порфир дар шакли агрегатҳои лӯндаи оолитӣ ёфт шудааст. Наследовитро нахустии бор М. Р. Еникеев дар наздикии Олтинтопгаи ёфтааст. Рангаш сафед. Сахтиаш тақрибаи 2, зичиаш 3069 кг /ас3. Наследовит дар натиҷаи …
Муфассал »Наследов Борис Николаевич
Наследов Борис Николаевич (4. 11. 1885 — 17. 11. 1942), геологи советӣ, профессор (1939). Соли 1915 Институти кӯҳкории Петербургро хатм намуд. Аз соли 1906 дар корхонаҳои гуногуни геологию конҳои сарвати зеризаминии Урали Ҷанубӣ, Олтой, Сибир кор кардааст. Аз соли 1917 аъзои шӯъбаи Оренбургии Ҷамъияти географии рус. Солҳои 1921—22 сардори управленияи …
Муфассал »Наслдиҳи ҳайвонот
Наслдиҳи ҳайвонот, насловарӣ, қобилияти насл оварда тавонистани ҳайвонот, ки ба дар як намуди он хос буда, дар ҷараёни эволюция пайдо шудааст. Он дар ҳайвоноти гуногуннасл ҳар хел мешавад. Ҳайвоноти яксикла, яъне дар давоми ҳаёти худ як маротиба наслдиҳанда, одатан сернасланд; ҳайвоноти серсикла, ки модинаашон якчанд бор насл медиҳад, камнасланд. Ҳайвоноти …
Муфассал »Насл
Насл (ар. — авлод, насаб), дар биология, як гурӯҳ фардҳоро дар популятсия гӯянд, ки бо гузаштагони муштараки худ каробати якхела доранд, яъне авлоди бевоситаи фардҳои Насли гузашта мебошанд. Давомати ҳаёти Насл ба синни миёнаи репродуктивие мувофиқ меояд, ки барои маҷмӯи фардҳои мазкури намуди муайян хос аст.
Муфассал »Наск
Наск (Lens), ҷинси растаниҳои яксолаест аз лӯбиёиҳо. Пояаш рост ё каме хам, баландиаш 20—55 см. Баргаш майдаи мӯякдор, гулаш майда, сафед, гулобӣ ва бунафши ка- будча, 1—3-тоӣ дар бари барг ҷойгир аст. Наск худ аз худ ва ба воситаи ҳашарот гардолуд мешавад. Ғилофакаш кӯтоҳи ромбшакл, ду-се, баъзан як дона дорад. …
Муфассал »Насия
Насия (ар. V-*), харидуфурӯше, ки дар он баҳои молу матоъро нақд надода, балки баъди чанд муддат медиҳанд. Нигаред низ Кредит.
Муфассал »Насируддини Тӯсӣ Абӯҷаъфар
Насируддини Тӯсӣ Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасан (1201, Тӯс — 1272, Бағдод), олим ва файласуфи асри 13 форс-тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар (сарфу наҳв, фиқҳ) ва амакаш (мантиқ ва фалсафа) гирифта, барои такмили дониш ба Нишопур рафт. Баъди тохти муғулҳо ба Эрон (тақрибан соли 1227) ба Кӯҳистон фирор кард ва …
Муфассал »