Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May (страница 27)

Архив Месяца: May 2017

Натурализм

0

Натурализм (франсавӣ. naturalisme, аз лотинӣ nature — табиат), 1) дар фалсафа, назаре ба олам аст, ки мувофиқи он табиат принсипи ягона ва умумии шарҳи ҳамаи мавҷудот буда, зуҳуроти ғайритабиӣ ва «фавқуттабииро» истисно мекунад. Ба баъзе шаклҳои материализм (стихиявӣ, табиию илмӣ, механикӣ, вульгарӣ ва ғайра) ва ҷараёнҳои идеалистӣ хос аст. Дар …

Муфассал »

Натурализатсия

0

Натурализатсия ба граждани ё табааи давлатӣ қабул кардани шахсест, ки аз худи рузи таваллудаш граждан ё табааи давлати мазкур намебошад. Натурализатсия ба шахсоне дода мешавад, ки гражданӣ ва табааро на­дошта бошанд, аз як гражданӣ ва табаа ба гражданӣ ва табааи дигар гузаранд. Таркиби Натурализатсия тавассути қонунгузории ҳар давлат муайян карда …

Муфассал »

Натролит

0

Натролит (аз натрий ва юн. lit-hos — санг), минерал аз гурӯхи цео­литов. Таркиби химиявиаш Na2[Al2 Si3Oi0] • 2Н20. Дар системаҳои ромбӣ ва тетрагоналӣ кристалл мебандад. Кристаллҳояш қаламчаю сӯзаншакл. Аксар чун агрегатҳои радиалию шуоӣ, зичи сферолитӣ ва массаи нахдор дучор мешавад. Одатан беранг ё сафеди зардтоб, сабзтоб ва сурхтоб аст. Ҷилояш …

Муфассал »

Элементи химиявии Натрий

0

Натрий (Natrium), Na, элементи химиявии гурӯҳи I системаи даврии Менделеев; металли сафеду нуқратоби нарму ёзанда ва сабукест, ки дар ҳаво зуд оксид мешавад. Рақами ат. 11, массаи ат. 22, 9898. Натрии табиӣ аз як изотопи собит 23Na иборат аст. Пайвастҳои табии Натрий—намаки ош NaCl, сода Na2G03 аз қадимулайём маълуманд. Натрийи …

Муфассал »

Натнуланф

Натнуланф (ap. VI бадбуии бинӣ), бахаруланф, бӯй гирифтани биниро гӯянд, ки дар тиб­би ҳозира бо истилоҳи о з е н а машҳур аст. НАТО, нигаред Ташкилоти Myoҳидаи Атлантикаи Шимолӣ.

Муфассал »

Натиҷаи мантиқи

0

Натиҷаи мантиқи, ҳукм (ҷумла, баён, формула)-ест, ки аз муқаддимаҳои хулосабарорӣ (ё аз муқаддимаҳои хулосае, ки аз якчанд муҳокима таркиб ёфтааст) мантиқан бармеояд. Ба ибораи дигар Натиҷаи мантиқӣ гуфта ҳукмеро гӯянд, ки аз муқаддимаҳои муайян дар асоси қоидаҳо ва қонунҳои мантиқ ҳосил мешавад.

Муфассал »

Натанс Даниель

0

Натанс Даниель (таваллуд 30.10. 1928, Уилмингтон, ШМА), духтури америкоӣ, доктори тиб (1954). Соли 1950 Университети штати Делаверро хатм кар­дааст. Аз соли 1972 директори шуъбаи микробиологияи факултетити тиббии Университети Ҷон Гопкинс мебошад. Дар бадали якчанд сол вируси маймун sv 40-ро тадқиқ намуд, ки он дар приматҳо ва одам ҳуҷайраҳои омоси хавфнок …

Муфассал »

Насх

0

Насх (ар. нусхабардорӣ, рӯйнавискунӣ), як навъи хати арабист. Дар асри 9 ва аввали асри 10 аз хатҳои муҳаққақ ва сулс ба вуҷуд омадааст. Дар такмилн Насх хизмати Ибни Муқла ва бародараш Абдуллоҳ бузург аст. Насх аз ҷиҳати осонхонӣ дар байни тамоми навъҳои хати арабӣ дар ҷои аввал меистод. Баробари ба …

Муфассал »

Настурия

0

Настурия, як ҷараёни дину илоҳиёти насронист, ки дар асри 5 дар Ви­зантия ба вуҷуд омадааст. Асосгузори Настурия патриарх (битриқ)-и Қустантания (428—31) Несторий буд. Ба қавли Несторий, Марьям Исоро бо сурати одами зоидааст, вале баъд ӯ майлу шавқи одамиро бартараф кар­да, сифатҳои худоӣ пайдо намудааст. Аз ин рӯ, дар ниҳоди Исо …

Муфассал »

Настуран

0

Настуран (аз юн. nastos —зичшуда ва лотинӣ uranium — уран), ми­нерал, як навъи уранинит.

Муфассал »