Нейро… невро… (аз юн. neuron —пай, асаб),қисми калимаҳои мураккаб, ки ба системаи асаб тааллуқ доштанро ифода менамояд, масалан, нейрохирургия.
Муфассал »Архив Месяца: May 2017
Нейман Станислав Костка
Нейман (Neumann) Станислав Костка (5. 6. 1875, Прага — 28. 6. 1947, ҳамон ҷо), шоири чех, Санъаткори Халқии Чехословакия (1945). Соли 1893 барои иштирок дар ҳаракати студентон ва коргарони ҷавон ба хабс гирифта мешавад ва аввалин шеърҳояшро дар он ҷо менависад. Солҳои 90 ба символистон ҳамроҳ буд (маҷмӯаи «Ман хавории …
Муфассал »Незвал Витезслав
Незвал (Nezwal) Витезслав (26. 5. 4900, Бискоупки, Моравия —6. 4. 1958, Прага), шоири чех, Санъаткори Халқии Чехословакия (1953). Аз соли 1924 аъзои Партияи Коммунистии Чехословакия. Соли 1919—22 дар университетҳои Брно ва Прага ҳуқуқ ва фалсафро омӯхтааст. Дар достони «Ҷодугари ҳайратовар» (1922), маҷмӯаҳои «Пантомима» (1924), «Гулбогчаи садбарг» (1926) оҳангҳои револютсионӣ садо …
Муфассал »Нежон Жак Андре
Нежон (Naigeon) Жак Андре (15. 7. 1738, Париж —28. 2. 1810, ҳамон ҷо), файласуфи материалист, атеисти франсавӣ, намояндаи мутааххири маорифпарварон. Соли 1795 аъзои Институти Франсия, 1803 аъзои Академияи Франсия буд. Нежон котиб ва ҳамкори наздики П. Гольбах буда, дар тайёр намудани асарҳои «Системаи табиат», «Масеҳияти фошшуда» ва ғайра фаъолона иштирок …
Муфассал »Нежданова Антонина Васильевна
Нежданова Антонина Васильевна (16.6.1873, деҳаи Кривая Балка, ҳозира pайони Сарати вилояти Одесса — 26. 6. 1950, Москва), сарояндаи советни рус (сотсранои лирикӣ- колоратурӣ), Артисти Халқии СССР (1936), доктори илми санъатшиносӣ (1944), Қаҳрамони Меҳнат (1925). Аз 7-солагӣ месуруд. Солҳои 1899-1902 дар Консерваториям Москва (синфи У. Мазетти) таҳсил намудааст. Аввалин бор дар …
Муфассал »Зденек Неедли
Неедли (Nejedly) Зденек (10. 2. 1878, Литомишл — 9. 3. 1962, Прага), олим ва ҳодими ҷамъиятӣ, мусиқишинос, муаррих ва мунаққиди адабии чех; аъзои АФ ва Академияи санъати Чехия (1907), асосгузор ва президенти АФ Чехословакия (аз 1952). Аъзои ПК Чехословакия аз соли 1929. Факултети фалсафаи университети Карловро дар Прага хатм кард. …
Муфассал »Недзевский Антон Петрович
Недзевский Антон Петрович (таваллуд 30. 1. 1902, деҳаи Улукии губернияи Могилёв), геологи советӣ, академик АФ РСС Тоҷикистон (1953), геологи Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1972). Аъзои КПСС аз соли 1957. Институти кӯҳкории ш. Ленинградро хатм кардааст (1934). Аз соли 1931 дар ҳайати экспедисияи Помир ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон бо нақшагирии геологӣ машғул …
Муфассал »Неделин Митрофан Иванович
Неделин Митрофан Иванович (9. 11. 1902, шаҳри Борисоглебски вилояти Воронежи ҳозира — 24. 10. I960), ҳодими ҳарбии советӣ, Сармаршали артиллерия (1959), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945). Аъзои КПСС аз соли 1924. Иштирокчии ҷанги гражданӣ (1918 —20). Курсҳои артиллерии такмили ихтисоси ҳайати фармондеҳои (1929) ва 1934), курсҳои академии такмилп ихтисоси ҳайати фармондеҳонро …
Муфассал »Негруси Костаке
Негруси Костаке (Negruzzi), (октябр 1808, деҳаи Трифешти, наздики ш. Ясса — 6. 9. 1868, ҳамон ҷо), нависандаи молдаву румин. То Револютсияи 1848 ба тарафдории ди- гаргунсозии демократӣ ва маданияти миллӣ баромад мекард. Барои шеъри «Вандализм» (1838) ва повести «Тодэрикэ» (1844, аз рӯи асари П. Мериме) ду бор дучори таъқиб гардидаст. Дертар …
Муфассал »Негатив
Негатив (лот. negativus — манфӣ); 1) тасвири фотографиест, ки дар он ранги қитъаҳои сиёҳу сафед ва рангаи объект баръакси ранги аслӣ мебошад. Дар Негатив ҷойҳои сафеди объект сиёҳ ва ҷойҳои сиёхи он сафед метобанд. Дар Негативи ранга ранги объект бо ранги иловагиаш (масалан, ранги кабуд бо ранги сурх, ранги сабз …
Муфассал »