Нанкин Нантсзин, шаҳрест дар Хитой, дар соҳили рости дпрёи Янтстсзи. Маркази маъмурии музофоти Тсзянсу. Аҳолиаш 2 млн. нафар (1974). Нанакин узели муҳими нақлиёт, бандари дарёӣ, шаҳри калони саноатист. Со- ҳаҳои муҳими саноаташ: дастгоҳсозӣ, турбинасозӣ, истеҳсоли электро- радиоаппаратура, мошинҳои боркаш, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, металлургия, химия (махсусан истеҳсоли нуриҳои химиявӣ ва нахи …
Муфассал »Архивы за день : 18.05.2017
Наналол Далпатрам
Наналол Далпатрам (16. 03. 1877, Аҳмадобод — 09. 01. 1946, ҳамон ҷо), шоир ва драматурги ҳинду. Ба забони гуҷаротӣ менавишт. Асари аввалинаш достони лирикии «Иди баҳор» (1899). Драмаи лирикии «Ҷая ва Ҷаянта» (1914), ки ба тарафдории баробарҳуқуқии занон иавишта шудааст, дорои афкори фалсафист. Асарҳои Калидаса — «Шакунтала» (1926) ва «Абри …
Муфассал »Шоири ҳинду Нанак
Нанак (15.04.1469, Талванди, ноҳияи Шекхупураи Панҷоб — 22. 09. 1539, Картарпур), шоири ҳинду, тарғиботчӣ ва идеологӣ сикҳизм. Аз оилаи тоҷир. Ба забони панҷобӣ эҷод кардааст. Нанак ягонагиву муттаҳидии динӣ, баробарии иҷтимоӣ ва табақавӣ, баробарии занону мардон, такомули рӯҳи, даст кашидан аз чиҳатҳои маросимии динҳои мавҷударо тарғиб намуда, пайравонаш — сикхҳоро …
Муфассал »Нанайҳо
Нанайҳо (худ нанай гӯянд, номи қадимиашон голдҳо), ҳалқест, ки асосан дар соҳилҳои поёноби дарёи Амур (кишвари Хабарови РСФСР) ва шохобҳои рости дарёи Уссури (кишвари Приморияи РСФСР) маскунанд. Шу- мораашон дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ тақрибан 10,5 ҳазор нафар (1979). Гурӯҳи хурди Нана дар Хитой, байни давлатҳои Сунгари ва Уссури низ зиндагӣ мекунанд. …
Муфассал »Нана
Нана дар асотири қадими Шарқ ва манбаҳои хаттӣ олиҳаи фаровонӣ, ҳимоятгари ҳайвоноту наботот, серфарзандист. Аввалҳо дар байни қабилаҳо ва кишварҳои гуногуни Шарқ (Байнаннаҳрайн, Шумеру Ошур) машҳур буд. Баъдтар ситоиши Нана дар Мисру Юнон, Порт, Кушония аз Суғд паҳн гардид. Ба ақидаи бостоншиносон, дар Порти Қадим маъбади Нана вуҷуд доштааст. Суратҳои …
Муфассал »Асари «Намунаҳои адабиёти тоҷик»
«Намунаҳои адабиёти тоҷик» асари коллективии адабиётшиносон ва адибони тоҷик, ки соли 1940 ба муносибати 10-солагии РСС Тоҷикистон бо алифбои лотинӣ нашр шудааст (мураттибон: X. Мирзозода, Ҷ Суҳайлӣ, К. Лутфуллоева, Л. Бузургзода). «Намунаҳои адабиёти тоҷик» аз «Сарсухан» ва 2 қисм иборат аст. Дар «Сарсухан» (аз номи ИН Тоҷикистон навишта шудааст) як …
Муфассал »Асари Намунаи адабиёти тоҷик
«Намунаи адабиёти тоҷик» аввалин асари калони адабиётшиносии Садриддин Айнӣ, ки байни 15 март — 12 октябр 1925 навишта шуда, соли 1926 дар Москва дар Нашриёти марказии халқҳои ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ ба табъ расидааст. Он бо муқаддимаи Абулқосим Лоҳутӣ бо номи «Садриддин Айнӣ» ва «Сарсухан»-и мураттиб — Садриддин Айнӣ шурӯъ шуда, аа …
Муфассал »Деҳаи Намуна
Намуна деҳаест дар Совети қишлоқи ба номи Свердлови райони Ҷиликул, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози ба номи М. И. Калинин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 киллометр. Аҳолиаш 535 нафар (1982), тоҷикон ва туркманҳо. Деҳа мактаби ибтидоӣ, магазин, фермаҳои хукпарварӣ ва мурғпарварӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, чорводорӣ ва …
Муфассал »Намудҳои техникии спорт
Намудҳои техникии спорт, номи умумии комплексҳои машқҳои ҷисмонӣ, малакаю маҳорат дар соҳаи аз худ намудан ва идора кардани таҷҳизоти спорти техникӣ ва системаи гузаронидани мусобиқаҳо аз рӯи ин комплексҳо; ҳар Намудҳои техникии спорт аҳамияти муайяни амалӣ дорад. Ба Намудҳои техникии спорт навъҳои спорти авиатсионӣ (парашютӣ, планёрӣ, самолётронӣ, вертолётронӣ), спорти дӯстдорони …
Муфассал »Намуди организмҳо
Намуд (species), яке аз воҳидҳои асосии структуриест дар таснифи организмҳои зинда, ки давраи сифатии таҳаввули онҳоро ифода мекунад. Аз ин рӯ як ҷузъи асосӣ дар таснифоти ҳайвонот, наботот ва микроорганизмҳо мебошад. Дар ҳамаи организмҳое, ки бо роҳи чинсӣ (дутарафа бордоршавӣ) афзоиш мекунанд (ба ин гуна организмҳо қариб ҳамаи ҳайвонот, як …
Муфассал »