Маълумоти охирин
Главная / 2017 / May / 17 (страница 4)

Архивы за день : 17.05.2017

Наливкин Владимир Петрович

2

Наливкин Владимир Петрович (15. 06. 1852, Калуга — 20. 01. 1918, Тошкент), муаррих ва шаркаднноси рус. Аз оилаи офитсер. Дар корпуси 1-уми кадетии Петербург (1864) ва Мактаби ҳарбии Павловск таҳсил намудааст. Аз соли 1871 дар полки 6- уми казакҳои Оренбург хизмат кард. Иштирокчии юриши армияи рус ба хонии Хӯҷанд (1875). …

Муфассал »

Налбандян Микаэл Лазаревич

2

Налбандян Микаэл Лазаревич (02.11. 1829, Нахҷувон, қисми ш.— 31. 03.1866, шаҳри Камишин, вилояти Волго­град), нависанда, файласуф, демок­ратӣ револютсионӣ, сотсиалисти утописти арман. Солҳои 1855—1858 дар факултети тиббии Университети Москва таҳсил намудааст. Налбандян ходими журнали прогрессивии армании «Юсисапайл» (Фарҷи Шимолӣ) буд. Солҳои дар хориҷа буданаш бо А. И. Гертсев, Н. П. Огарёв, …

Муфассал »

Налбандян Дмитрий Аркаде­вич

2

Налбандян Дмитрий Аркаде­вич (таваллуд 15.0 9. 1906, Тбилиси), рассоми советӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1976). Рассоми Халқии ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1969). Аъзои хақиқии АР ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ (1953). Аъзои КПСС аз соли 1948. Дар АР Тбилиси (1924—1929) аз Е. Б. Ланоере ва Б. Татевосян таълим гирифтааст. Муаллифи мусаввараҳо дар мавзӯи таърихию револютсионӣ ва …

Муфассал »

Накҳатӣ Абуабдуллоҳ

2

Накҳатӣ Абуабдуллоҳ Рӯзбеҳ ибни Абдуллоҳ (соли таваллуд ва вафоташ  номаълум), шоири асри 11 форс-тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли Накҳатӣ дар тазкираҳо сабт нагардидааст, вале аз ҳунари шоирӣ ва табъи баланди ӯ нуқтаҳоеро пайдо кардан мумкин аст. Масалан, Авфӣ дар бораи ӯ навиштааст: «…нукоти латифи ӯ аз ҳадду адад афзун аст ва …

Муфассал »

Накҳат Мирзонуруддин

2

Накҳат Мирзонуруддин (соли таваллудаш номаълум — вафот 1672, Бухоро), шоири асри 17 тоҷик. Дар Қошғар ба дунё омада, дар Самарқанд нашъунамо ёфтааст. Дар шеър ба Анварӣ ва Заҳири Форёбӣ пайравӣ кардааст. Шеърҳои ҳаҷвӣ низ менавишт. Девонаш пайдо нагардидааст. Намунаҳо аз эҷодиёти Накҳат дар баёзҳо ба назар мерасанд. Ад.: Мирзоев. А., …

Муфассал »

Накҳат Комилхоҷа

2

Накҳат Комилхоҷа (1814, Истравшан — 1831), шоири тоҷик. Аз оилаи шоир ва мударрис Олимхоҷаи Ҳотифии Истаравшанӣ. То 8-солагӣ дар назди падару модараш савод омӯхта, баъд таҳсилро дар мадрасаи Кӯкалтош идома дод. Сарфу наҳви арабӣ, забони туркиро ба хубӣ медонист. Ҳангоми таҳсил ба шеъргӯӣ оғоз намудааст. Ҷавони хушзеҳн, соҳиби қувваи ҳофизаи …

Муфассал »

Накӯии Бухороӣ

Накӯии Бухороӣ Мавлоно (соли таввалуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 тоҷик. Доир ба ҳаёту эҷодиёташ маълумоти кофие дастрас нест. Накӯии Бухороӣ аз муосирани Мушфиқӣ буда, бо ӯ мутоиба мекард. Мувофиқи маълумоти тазкиранависон дар навъҳои гуногуни шеърӣ қувва санқидааст. Девонаш то замо­ни мо нарасидааст. Намунаҳои ашъораш дар тазкираву баёзҳо мавҷуданд.

Муфассал »

Накисои Чангӣ

Накисои чангӣ (соли таввллуд ва вафоташ номаълум), бастакор ва навозандаи асрҳои 6—7 форс-тоҷик. Дар навохтани чанг истеъдоди фав­қулода дошта, бинобар ҳамин лақаби Чангӣ гирифтааст. Яке аз таснифоти ӯ «Зангона» (ё зангиёна) машҳур аст, ки аз оҳангҳои дилпазири маросимӣ ба ҳисоб меравад.

Муфассал »

Найқалам

2

Найқалам воситаи китобатро гӯянд, ки аа замонҳои қадим байни мардуми машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон маълум буд. Онро аз наи сахт тарошида, барои навиштан истифода мебурданд. Ручкаҳои ҳозира Найшқаламро аз истифода бароварданд.

Муфассал »

Найшакар

2

Найшакар (Saccharum), ҷинси растаниҳои бисёрсолаи қанддорест аз оилаи хушаиҳо. Пояаш рости ба­ланд (то 6 м). Туғаш ва шохчаҳояш банддор, хушачаҳо­яш бо мӯякҳои дароз ва гулҳои дуҷинса фаро гирифта шудааст. 5 на- муди Найшакар маълум аст: Найшакари асил (S. officinarum, ниг. расм) дар мамлакатҳои тропикӣ парвариш мешавад; Найшакари б а р …

Муфассал »