Назарияҳои капитализми танзимпазир, маҷмӯи таълимоти буржуазӣ, ислоҳотчигӣ ва ревизиониеот, ки дар асоси танзими давлатии монополистӣ бартарафпазир будани зиддиятҳои антогонистии такрористеҳсоли капиталистиро талқин мекунад; дар осори иқтисодшиноси англис Ҷон Кейнс (1883—1946) ва пайравони ӯ (Р. Харрод, Н. Калдор) асоснок карда шудаанд. Мақсади асосии онҳо (ба истилоҳ кейнсигарӣ) таъмини талаботи «самаранок» ва …
Муфассал »Архивы за день : 15.05.2017
Назарияи эҳтимолият
Назарияи эҳтимолият, илми математикиест, ки қонуниятҳои ҳо- дисаҳои тасодуфиро меомӯзад. Бо ёрии вай аз рӯи эҳтимолияти як ҳодисаи тасодуфи эҳтимолияти дигар ҳодисаи тасодуфиеро ёфтан мумкин аст, ки бо ҳодисаи аввал ягон робитае дорад. Маънои математикии мафҳуми эҳтимолият инъикоси қонуниятҳои объективии устуворияти статистикии басомади ҳодисаҳо мебошад, ки онро чунин шарҳ додан …
Муфассал »Назарияи электронӣ
Назарияи классики (ғайриквантӣ)-и про- сессҳои электромагнитиро гӯянд, ки ба тасаввуроте дар бораи аз зарраҳои электрии заряднок (злектронҳо ва ядроҳои атомӣ) таркиб ёфтани моддаҳо асос ёфтааст. Асоси Назарияи электрониро муодилаҳои Максвелл—Лоренс ташкил медиҳанд, ки онҳоро охири асри 19 X. А. Лорентс тартиб дода буд. Ин муодилаҳо дар натиҷаи таъмими муодилаҳои макроскопии …
Муфассал »Назарияи шабоҳат
Назарияи шабоҳат, таълимотест дар бораи шартҳои шабоҳати ҳо- дисаҳои физикӣ. Назарияи шабоҳат ба таълимоти андозанокии бузургиҳои физики такя мекунад ва асоси моделеозии физикиро ташкил медиҳад. Вазифаи Назарияи шабоҳат муқаррар намудани меъёрҳои шабоҳати ҳодисаҳои физикии гуногун ва дар асоси ин меъёрҳо омӯхтани хосияти худи ҳодисаҳо аст. Шабоҳати физики таъмими мафҳуми шабоҳати …
Муфассал »Назарияи чандирӣн
Назарияи чандирӣн як қисми механикаро гӯянд, ки деформатсия- ҳои чандири дар ҷисми сахт аз таъсири қувваҳои беруна, аз тафсиш ва дигар нуфузот баамаломадаро меомӯзад. Назарияи чандирӣ асоси илмии ҳисобу китоби мустаҳкамӣ ва устувории қисмҳои мошину иншоот ба ҳисоб меравад. Усулҳои Назарияи чандирӣ дар сейсмология (аз рӯи натиҷаҳои паҳноиши мавҷҳои чапдир …
Муфассал »Назарияи хромосомии ирсият
Назарияи хромосомии ирсият, назарияи аз насл ба насл гузаш- тани аломатҳо ба воситаи хромосома, ки аввали асри 20 ба вуҷуд омад Бино ба фарзияе, ки соли 1902 олими америкоӣ У. Сеттон ва олими немис Т. Бовери пешниҳод карданд, генҳо дар хромосомаҳо ҷои муайян доранд. Минбаъд Назарияи хромосомии ирсият дар асарҳои …
Муфассал »Назарияи хатоҳо
Назарияи хатоҳо, як фасли статистикаи математикист, ки ба ин- тихоби қиматҳои саҳеҳи бузургиҳои тақрибӣ, инчунин ҳисоб кардани хатои андозагириҳо машғул аст. Ҳангоми такроран чен кардани ҳамон як бузургӣ, одатан натиҷаҳои гуногун ҳосил мешаванд, зеро ҳар як андозагирӣ хатои муайяне хоҳад дошт. 3 намуди асосии хатоҳо: системавӣ, дағал ва тасодуфӣ мавҷуданд. …
Муфассал »Назарияи функсияҳои тағйирёбандааш комплексӣ
Назарияи функсияҳои тағйирёбандааш комплексӣ, як фасли назарияи функсияҳост, ки ба тадқиқи хосиятҳои функсияҳои тағйирёбандааш комплексӣ оид аст. Муфассалтар ниг. Функсияҳои таҳлилӣ.
Муфассал »Назарияи функсияҳо
Назарияи функсияҳо, як фасли математика буда, хосиятҳои умумии функсияҳоро меомӯзад. Назарияи функсияҳо аз ду шохаи мустақил иборат аст: назарияи функсияҳои тағйирёбандааш ҳақиқӣ ва назарияи функсияҳои тағйирёбандааш комплексӣ. Дар таҳлили математикии «классики» объектҳои асосии тадқиқот функсияҳои дар фосилаҳои додашуда (боинтиҳо ё беинтиҳо) бефосила ва функсияҳои то як дараҷа суфта мебошанд. Вале …
Муфассал »Назарияи фалокат
Назарияи фалокат, ниг. Катастрофизм.
Муфассал »