Маълумоти охирин
Главная / Илм / Назарияи шабоҳат

Назарияи шабоҳат

Назарияи шабоҳат, таълимотест дар бораи шартҳои шабоҳати ҳо- дисаҳои физикӣ. Назарияи шабоҳат ба таълимоти андозанокии бузургиҳои физики такя мекунад ва асоси моделеозии физикиро ташкил медиҳад. Вазифаи Назарияи шабоҳат муқаррар намудани меъёрҳои шабоҳати ҳодисаҳои физикии гуно­гун ва дар асоси ин меъёрҳо омӯхтани хосияти худи ҳодисаҳо аст. Шабоҳати физики таъмими мафҳуми шабоҳати геометрӣ мебошад.

Мавриди шабоҳати геометрӣ байни элементҳои ашкол ё ҷисмҳои монанд мутаносибият мавҷуд аст. Дар мавриди шабоҳати физикии майдон бошад, мувофиқан параметрҳои физикии ду система дар вақт ва фазо ба ҳам монанданд. Масалан, ҳангоми шабо­ҳати кинематики майдони суръатҳои ду ҳаракати муоинашаванда монанданд. Шабоҳати динамикӣ, меха­никӣ, кивематикию динамикӣ, монандии просессҳои гармӣ, монандии электродинамики низ мисолҳои мо­нандии физики мебошаяд. Пайваста ба инкишофи просессҳои мураккаби физики ва физикию химиявӣ, ки ҳодисоти механикӣ, ҳароратӣ ва химиявиро дар бар мегиранд, усулҳои Назарияи шабоҳати ин просессҳо низ инкишоф меёбанд (масалан., шартҳои шабоҳати про­сессҳои соиш ва фарсоиши деталҳои мошин, кинетикаи табдилоти физи­кию химиявӣ ва ғайра муқаррар карда мешаванд).

Мутаносибияти ҳамаи параметрҳои ҳодисаҳои монанд ба он оварда мерасонад, ки ҳамаи ҷойдигаркуниҳои беандозаи аз ин параметрҳо тартибдодашаванда барои ҳодисаҳои монанд қиматҳои ададии якхела доранд. Комбинатсияҳои беандозае, ки аз параметрҳои асосии ҳодисаи муоинашаванда тартиб дода мешаванд, меъёрҳои шабоҳат ном доранд. Ҳар гуна комбинатсияи аз меъёрҳои шабоҳат тартибдодашуда меъёрҳои монандии ҳодисоти физикии муоинашаванда низ мебошад.

Параметрҳои физикии авдозаноке, ки ба меъёри шабоҳат мансубанд, барои системаҳои монанд қиматҳои гуногун дошта метавонанд; фақат меъёрҳои беандозаи шабоҳат бояд якхела бошанд. Маҳз ҳамин хосияти системаҳои монанд асоси моделсозии физики мебошад

Ад.: Седов Л. И., Методы подобия и размерности в механике. М.. 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …