Маълумоти охирин
Главная / 2017 / April (страница 7)

Архив Месяца: April 2017

Логометр

Логометр

ЛОГОМЕТР – асбоби электрченкунанда, ки нишондоди ақрабаки он ба нисбати ду қимати бузургии электрикӣ (одатан қувваи ҷараён) мутаносиб аст. Логометр аз забони юнонӣ “Logos” — калима, дар ин ҷо нисбат ва “Метр” гирифта шудааст. Логометр атнитоэлектрикӣ, электродинамикӣ, ферродинамикӣ ва электромагнитӣ мешаванд. Қисми ҳаракатноки Логометрҳои магнитоэлектрикӣ, ки бештар маъмуланд аз 2 элемент, масалан, ғалтакҳои 1 …

Муфассал »

Мактаби усули ҷадид

Мактабҳои қадимаи мусалмонӣ

МАКТАБИ УСУЛИ ҶАДИД – навъи мактаб, ки бар хилофи мактаби кӯҳнаи динии мусулмонӣ ба ҷуз улуми динӣ роҷеъ ба забони модарӣ, таърих, арифметика, география, табииёт ва ғайра маълумот медод. Мактаби усули ҷадид баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ва кушодани мактабҳои русӣ дар шаҳрҳои собиқ кишвари Туркистон ва шиносоии одамони …

Муфассал »

Луноход

Луноход

ЛУНОХОД – ин аппарати худгарди қамарӣ, воситаи нақлиётиест, ки ба тарзи автоматӣ (аз Замин) ва ё аз тарафи худи кайҳоннавардон идора карда мешавад. Нахустин аппарати худгарди қамарӣ «Луноход буд, ки онро станцияи автоматии байнисайёравии (САБ) советӣ «Луна-17» ба сатҳи Моҳ бурда расонд; дар сатҳи Моҳ аз 17.11.1970 то 4. 10. 1971 …

Муфассал »

Макон ва замон

soat_vaqt

МАКОН ВА ЗАМОН, шаклҳои асосӣ ва умумии мавҷудияти материя. Макон ва 3амон ба таври объективӣ вуҷуд дошта, даркшаванда ва дорои хусусиятҳои умумӣ мебошанд, ки хосияти сеченакии ҷисмҳо, ҷойивазкунин онҳо, фосилаи байни ҷисмҳо ва лаҳзаҳои мухталифи процессҳо ва падидаҳо ва ниҳоят муносибатн макониву замониро ифода мекунанд. Дар ҳалли ин масъала ду …

Муфассал »

Шаҳри Луисвилл

louisvill-shahr

ЛУИСВИЛЛ (Louisville) – шаҳрест дар ИМА, дар штати Кентукки. Аҳо­лиаш 660 ҳазор нафар (2017 сол), бо атрофаш 780 ҳазор нафар. Луисвилл бандари калон дар дарёи Огайо, узели нақлиёт, маркази муҳими савдо ва саноат аст. Соҳаҳои асосии саноатиш: коркарди тамоку, винобарорӣ (вискӣ), электротехникӣ, истеҳсоли каучуки синтезӣ, пластмасса. Дар Луисвилл инчунин заводои …

Муфассал »

Лифток

Лифток

ЛИФТОК (ба забони англисӣ Ampelopsis), ҷинси лианаҳои хазонрез, мансуби ангуриҳо (Vitaceae). Гули гуногуиҷинсаи гулбаргҳояш сафед, нилтоб ё норинҷӣ доранд. Қариб 20 намуди Лифток, асосан дар Америкаи Шимолӣ ва Осиё паҳн гаштааст. Ба забони руссӣ ба ин растаниро “Ампелопсис” меноманд. Инчунин дар шаҳрҳои калону хурд ин растаниро барои соя намудан ва ё …

Муфассал »

Булбул Мамедов

Булбул Мамедов

Мамедов Булбул – (ном ва фамиляи аслиаш Муртазо Машҳадӣ Ризо ӯғлӣ Мамедов. Санаи 22-юми июни соли 1897 дар маҳалиллаи Хонбоғи назди шаҳри Шуша таваллуд шуда санаи 26.9.1961 дар Боку фавтидааст).  Мамедов Булбул сарояндаи озар (тенори лирикӣ-драмавӣ). Бо лақаби «Булбул» машҳур буд. Мусиқидон ва фолклоршинос. Сарояндаи халқии Иттиҳоди шӯъравӣ (аз соли …

Муфассал »

Мадина

Мадина

МАДИНА (арабӣ— шаҳр) – ин шаҳрест бо масоҳати 589 км² дар қисми шимолу ғарбии Арабистони Саудӣ. Дар вилояти Ҳиҷоз, 400 км. дуртар аз Макка , дар баландии 600 метр аз соҳили баҳр воқеъ гаштааст. Ба воситаи роҳҳои автомобилгард бо шаҳрҳои Макка , Наҷаф (Ироқ), Аммон (Урдун), Янбо ва Ҷидда (бандарҳои …

Муфассал »

Мадид

Мадид

МАДИД (арабӣ давомдор, дароз кашидашуда), номи яке аз баҳрҳои панҷгонаи арӯзи араб. Баъзе намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик барои санҷидани маҳорати худ дар ин баҳр шеър гуфтаанд. Мадид рукни ягона надорад. Вай дар натиҷаи омехташавии рукни асосии баҳри рамал — фоилотун ва баҳри мутадорик — фоилун сохта мешавад. Барои сохтани дигар …

Муфассал »

Литражи муҳаррик

Муҳаррики автомобил

ЛИТРАЖИ МУҲАРРИК – ин ҳаҷми умумии ҳолати кории ҳамаи цилиндрҳои муқаррики дарунсӯз  аст. Ҳаҷми кории цилиндр ба ҳосили зарби масоҳати поршен бар дарозии гашти он баробар аст. Литражи муҳаррик иқтидори муҳаррикро муайян мекунад.  Литражи муҳаррикро одатан бо дм3 (литрҳо), дар муҳаррикҳои хурдҳаҷм (мас., муҳаррикҳои мотоцикл) бо см3 чен мекунанд. Чи …

Муфассал »