Маълумоти охирин
Главная / Илм / Логометр

Логометр

ЛОГОМЕТР – асбоби электрченкунанда, ки нишондоди ақрабаки он ба нисбати ду қимати бузургии электрикӣ (одатан қувваи ҷараён) мутаносиб аст. Логометр аз забони юнонӣ “Logos” — калима, дар ин ҷо нисбат ва “Метр” гирифта шудааст. Логометр атнитоэлектрикӣ, электродинамикӣ, ферродинамикӣ ва электромагнитӣ мешаванд.

Логометр
Сурати Логометр

Қисми ҳаракатноки Логометрҳои магнитоэлектрикӣ, ки бештар маъмуланд аз 2 элемент, масалан, ғалтакҳои 1 ва 2 иборат аст. Дар ни ғалтакҳо бузургиҳои электрикие, ки нисбати ченшавандаро ташкил медиҳанд, лаҳзаҳои чархзании самташон рӯ ба рӯ (Mi ва Mj)-po ба вуҷуд меоранд, ҳангоми баробар шудани лаҳзаҳо ҳолати мувозинат рӯй медиҳад.

Ғалтакҳои дар майдони магнитӣ доимӣ ҷойгирифта ба самти таъсири моменти калон тоб мехӯравд ва қисми ҳаракаткунандаи асбоб то баробар шудани моментҳо майл мекунад. Логометр дар омметр, фазометр, басомадсанҷ, асбобҳои ченкунандаи бузургиҳои электрикӣ ва ғайриэлектрикӣ истифода мешавад. Логометрҳоро бо воҳидҳои бузургиҳои ченшаванда дараҷабандӣ мекунанд.

Инчунин кобед

САХТӢ

САХТӢ, муқовимати ҷисми сахтро ба фишор ё харошидан гӯянд. Сахтӣ собитаи физикӣ набуда, балки яқ …