Маълумоти охирин

Архивы за день : 18.04.2017

Лубнониҳо

Лубнониҳо

ЛУБНОНИҲО – ин миллат ва аҳолии асосии кишвари Лубнон мебошанд, ки онҳоро ба забони руссӣ «Ливанцы» мегӯянд. Шумораи Лубнониҳо соли 2017-ум дар ҷаҳон тақрибан 15 млн. нафар буданд, ки аз ҷумла дар Бразилия 7 млн., дар Лубнон 4 млн., дар Аргентина 1,5 млн. нафар мебошанд. Лубнониҳо дар Америкаи Шимолӣ ва …

Муфассал »

Дарёи Луара

Дарёи Луара

ДАРЁИ ЛУАРА (Loire), дарозтарин дарёи Фаронса. Тӯлаш 1012 километр ва масоҳати ҳавзааш 115 ҳазор км2. Аз кӯҳҳои Севенна cap шуда, ба халиҷи Бискаи уқёнуси Атлантик мерезад. Шохобҳои асосиаш: Шер, Венна, Сарта бо Луара. Манбаи дарёи Луара аз борону барф иборат аст. Давраи пуробиаш феврал ва март, камобиаш август ва сентябр …

Муфассал »

Халқи Мая

Халқи Майя

ХАЛҚИ МАЙЯ – халқи ҳиндии дар Мексика мезиста, ки шумораашон тақрибан 760 ҳазор нафар (2015), дар Белиз 20 ҳазор нафар. Забони Майя оилаи забонҳои майякиче мансуб аст. Диндорон расман пайрави масеҳият (католик), аммо то ҳол муътақидони мазҳабҳои қадимӣ низ ҳастанд. Машғулияти асосии Майя— деҳқонӣ. Халқи Майя яке аз асосгузорони тамаддуни …

Муфассал »

Майдони сурх

Майдони сурх

МАЙДОНИ СУРХ – майдони марказии шаҳри Москва (дар назди Кремл) мебошад. Майдони Сурхро қисми шақии деворҳои Кремл, бинои Универмаги давлатӣ, маъбади Василий Блаженный, бинои Музеи давлатии таърих иҳота кардаанд. Майдони Сурх асри 15 пас аз қалъабандии қасри Кремл шакл гирифт. Сараввал Торг (ҳамчун маркази савдо), аввали асри 16— Троицкая (аз …

Муфассал »

Майдони магнитӣ

Майдони магнити

МАЙДОНИ МАГНИТӢ – майдони дорои қувваест, ки ба зарядҳои электрии мутаҳаррик ва ҷисмҳои дорои лаҳзаи магнитӣ новобаста ба ҳолати ҳаракати онҳо таъсир мекунад. Ноқили ҷараёндор, ҷисмҳои зарядноки мутаҳаррик ё магнитноккардашуда манбаъҳои Майдони  магнитӣ мебошанд. Дар ҳамаи мавридҳо сабаби умумии пайдошавии Майдони магнитӣ ҳаракати зарраҳои электрӣ мебошанд. Азбаски дар табиат зарядҳои озоди …

Муфассал »

Малайҳо

Малайҳо

МАЛАЙҲО, гурӯҳи халқҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки баромадании, забон ва хусусиятҳои маданию маишиашон умумист. Тибқи маълумоти омори соли 2017 Малайҳо асосан дар Малайзия (15,2 млн.) ва Сингапур (0,7 млн.) зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди малаизабонон (8,8 млн.) дар Индонезия сокинанд. Забони Малайҳо ба якчанд шева ҷудо мешавад. Эътиқодмандон пайрави дини исломанд …

Муфассал »

Лимб

Лимб

ЛИМБ (аз калимаи лотинӣ «limbus» — тамға) – ин ҳалқаи металлии ҳамвор, ки бо хатҳои борик ба қисмҳои баробар (масалан дараҷаи, дақикаҳо ва ғайра) тақсим карда шудааст. Лимб яке аз қисмҳои муҳимтарини асбобҳои зовиясанҷ (асбобҳои астрономӣ, геодезӣ, физикӣ ва ғайра) буда, барои ҳисоб кардани бузургиҳои кунҷӣ, хизмат мекунад. Тақсимоти Лимб …

Муфассал »

Шаҳри Лима

Ш, Лима

ЛИМА (Lima), шаҳрест ки пойтахти Перу, маркази иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании мамлакат. Дар ҳамвории доманакӯҳҳои Анд, дар соҳили уқёнуси Ором воқеъ гаштааст. Иқлимаш тропикии биёбонӣ. Ҳарораташ миёнаи моҳи хунуктарини ин ҷо (август) +16° С, гармтарин (феврал) +23° С. Боришоти солона 40 мм. Узели калони роҳи оҳан ва автомобилгард, аэропорташ дорои …

Муфассал »