Маълумоти охирин

Архивы за день : 27.03.2017

Малави

Малави

МАЛАВИ (Malawi), Ҷумҳурии Малави (Republicof Malauli), давлат дар Африкаи Марказӣ. Масоҳаташ 118,5 ҳазор километри мураббаъ. Аҳолиаш 17,82 миллион нафар (2015). Пойтахташ шаҳри Лилонгве (аҳолиаш 1,1 млн. нафар бо атрофаш) ва тулии 40 соли оҳир 10 маротиба афзудааст. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба се музофот (Шимолӣ, Ҷанубӣ, Марказӣ) тақсим мешавад, ки онҳо …

Муфассал »

Мактаби Франкфурт

Макс Хоркхаймер (аз чап), Теодор Адорно (аз рост) ва Юрген Хабермас (аз рост аз пушт) дар Гейделберг, 1965 с.

Мактаби Франкфурт – мактаби фалсафа ва социологияи муосири немис. Солҳои 30—40 асри 20 аз тарафи профессори М. Хоркхаймер (1895—1973) таъсис шудааст. Баъди ҳиҷрати Хоркхаймер ба ИМА дар Женева, Париж ва Университети Колумбияи ИМА интишор ёфт. Намояндагони асосиаш — Т. Адорно (1903—69), Г. Маркузе (1898—1979), Ю. Хабермас (тавваллуд 1929). Органи асосии мактаб …

Муфассал »

Маймун

Маймун

МАЙМУН (Simla ё Anthropoidea) – ҳайвони ширмакест аз қатори приматҳо. Ба се забароила ҷудо мешавад: Маймунҳои америкоӣ (Ceboidea), осиёию африкоӣ (Cercopithecoidea) ва одамшакл (Нош noidea). Маймунҳои америкоӣ ду оила (Callithricidae ва Cebidae)-o дар бар мегиранд. Сӯрохҳои роҳҳои бинии онҳо васеъ аст. Ба Маймунҳои осиёию африкоӣ як оила — мартышкашаклҳо (Cereopitheeidae) …

Муфассал »

Маймонид

maymonid_failasuf

МАЙМОНИД (Maimonides; номаш Мӯсо ибни Маймун) Санаи 30.3.1135 дар Қурдоб таваллуд шуда 13.12.1204 дар Фустат, наздики Қоҳира вафот кардааст. Файласуф, илоҳиётшинос, табиби яҳудии асрҳои миёна ба шумор меравад. Аз сабаби яҳудиёнро таъқиб кардани Алмуваҳидиҳо соли 1148 Испанияро тарк карда аввал ба Марокаш, Фаластин баъд ба Миср (1165) омад. Соли 1190 …

Муфассал »

Маймана

Маймана

МАЙМАНА, шаҳр дар шимолу ғарби Афғонистон, маркази маъмурӣ ва тиҷоратию нақлиётии вилояти Фариоб. Дар ҳамвории Бохтар, дар воҳа воқеъ аст. Аҳолиаш 155 ҳазор нафар дар соли 2017-ум буд ва сад соли охир 7 маротиба зиёд шудааст. Пайвасткунандаи роҳи автомобилӣ мебошад. Бозори пашм, пӯсти қароқӯлӣ, ғалла, зағер дорад. Дар Маймана маснуоти …

Муфассал »

Майман

Майман

МАЙМАН (Juncus) –  ҷинси растаниҳои бисёбрсола (баъзан яксолаи алафа), мансуби маймакиҳо. Гули дуҷинсаи сабатоби назарногир, ғӯзаи сепаллаи сертухм дорад. Зиёда аз 250 намуди Майман дар минтақаҳои мӯътадилу хунук, инчунин минтақаҳои баландкӯҳи тропикӣ ва субтропикӣ паҳн шудааст. Дар Осиё қариб 80 намудаш дар ботлоқзору марғзорҳои сернам, соҳили обанборҳо ва ғайра месабзад. …

Муфассал »

Маданияти Калтаманор

Ҷанбас Қалъа (Асри 10 пеш аз мелод дар Қароқалпоқ)

МАДАНИЯТИ KAЛTAMAHOP – маданияти археологии давраи неолит ва энеолит (ҳазораҳои 4 – 2 то мелодро дар назар дорад). П. Толстое солҳои 1939—40 ва 1945 ёдгориҳои Маданияти Калтаманорро дар деҳаи Калтаманори ноҳияи Тӯрткӯли Қароқалпоқ кашф ва тадқиқ намуд. Ноҳияҳои асосии паҳншавии Маданияти Калтаманов— резишгоҳи дарёи Аму, Узбои Боло, Моҳандарё, инчунин шимолу шарқии Наздиарал …

Муфассал »