Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии ЧЕХОСЛОВАКИЯ

Ҷумҳурии ЧЕХОСЛОВАКИЯ

ЧЕХОСЛОВАКИЯ (Сeskoslovens-ko), Республикаи Социалистии Чехословакия, РСЧС (Сеskoslovenska Socialislicka Republika), давлатест дар Европаи Марказӣ. Масоҳ. 127,9 ҳаз. км2. Аҳолиаш 15,52 млн наф. (1 янв. 1986), аҳолии шаҳрӣ 66%; чехҳо 64%, словакҳо беш аз 30%. Пойтахташ ш. Прага. Забонҳои расмӣ — чехӣ ва словакӣ. Қисми зиёди диндорон католикҳоанд. Федерацияи ду республикаи социалистии баробарҳуқуқ: Чехия (РСЧ, пойтахташ ш. Прага) ва Словакия (РСС, пойтахташ ш. Братислава). Органи олии ҳокимияти давлатӣ Маҷлиси федералии дупалатагист, ки аз Палатаи халқӣ ва Палатаи миллатҳо иборат аст. Сардори давлат — президент.

%d1%81%d0%b5skoslovenska

Релефи Чехословакия асосан аз баландиҳо ва кӯҳҳо иборат аст. Қисми ғарбии мамлакатро кўҳҳои Чех, қ-кӯҳҳои Шума ва, Бешаи Чех, Крушне-Гори (Кӯҳҳои Маъдандор), Крконоше ва баландии Чеху Морава ишғол кардаанд. Дар қисми шарқӣ кўҳҳои Карпат (к. Герлаховски-Штит, 2655 м, баландтарин нуқтаи Чехословакия) ва дар ҷануби ин кӯҳҳо ҳамвории Дунаи Миёна ҷойгир шудаанд. Иқлимаш мӯътадил, дар қисми шарқи мамлака т ва хамиҳои байникўҳӣ континентист. Ҳарор. миёнаи янв. аз —1*С (дар ҳамвориҳо) то — 10*С (дар қӯҳҳо), июл аз 21 то 4*С. Боришоти солона 450—700 мм, дар кӯхҳо то 2100 мм. Дарёҳои асосӣ: Дунай, Лаба (Эльба), Влтава, Ваг. Қариб 35% ҳудуди Чехословакия бешазор аст; минтақаҳои бешадашт низ мавҷуданд.

Дар ҳудуди ҳозираи Чехословакия дар асрҳои 5—6 м. қабилаҳои славян истиқомат мекарданд. Дертар ин сарзамин ба давлатҳои Само (а-ҳои 7—9) ва Моравияи Бузург (а-ҳои 9—10) дохил буд. Словакия дар а. 11 ба шоҳии Венгрия ҳамроҳ шуд. Дар нимаи якуми а. 15 сарзамиви Чехия ва қисми Словакияро ҳаракати революционии Гуситӣ фаро гирифт, ки дар рафти он робитаҳои забонӣ ва мадании чехҳо ва словакҳо мустаҳкам гардид. С. 1526 Чехия ва аз       с-ҳои 50-уми а. 16 қисми зиёди Словакия (аз ох. а. 17 тамоми Словакия) ба зери ҳокимияти Габсбургҳо гузаштанд. Аз ох. а. 18 ҳаракати миллии озодихоҳии халқҳои чеху словак вусъат ёфт ва он дар нимаи дуюми а. 19 пурзўр гардид. Баъди с-ҳои 70 а. 19 ҳаракати коргарӣ cap зад. Баробари пароканда шудани давлати Австрияю Венгрия чехҳо ва словакҳо республикаи Чехословакияро ташкил намуданд (14 нояб. 1918, нахустин президенташ Т. Масарик). Муборизаи революционии халқи Чехословакияро ПК Чехословакия (ПКЧ), ки с. 1921 таъсис ёфта буд, сарварӣ намуд. Окт. 1938— марти 1939 бо ёрии давлатҳои ғарб (созишномаи Мюнхен, 1939) хоки Чехословакияро Германияи фашистӣ, Польшаи буржуазию помещикӣ ва Венгрияи хортистӣ забт карда, байни худ тақсим намуданд. Ҳаракати муқобилатро бар зидди истилогарони фашистӣ ПКЧ  (окт. 1938) роҳбарӣ намуд. Шӯриши миллии Словакия (1944) ба революцияи миллии демократии Чехословакия ибтидо гузошт. Программае, ки ПКЧ дар ш. Кошице тартиб дода буд, программаи аввалин ҳукумати (таъсисаш 4 апр. 1945) Фронти миллии чехҳо ва словакҳо ба ҳисоб мерафт. Ин программа вазифаҳои пурра ба итмом расонидани муборизаи миллии озо-дихоҳӣ ва принципҳои сохтмони давлати халқию демократиро муайян кард. То маи с. 1945 Армияи Советӣ Словакияро аз фашистон озод намуд.

9 маи 1945 Армияи Советӣ Шўриши халқии с. 1945-ро дар хоки Чехия дастгирӣ карда, ш. Прагаро аз фашистон озод намуд. Сарзамини Чех ва Словакия дар доираи республикаи халқӣ муттаҳид шуд. Моҳи февр. 1948 буржуазия кӯшиш намуд, ки бо ёрӣ ва дастгирии доираҳои империалистии Ғaрб сохти демократияи халқиро барҳам диҳад, вале сохти демократияи халқиро синфи коргар бо роҳбарии ПКЧ ҳимоя намуд. 9 май 1948 Контятуцияи нави мамлакат қабул гардид, ки он музаффариятҳои революционии меҳнаткашонро мустаҳкам намуд ва барои инкишофи давлати социалистӣ мақсад гузошт; Чехославакия республикаи демократии халқӣ эълон шуд, К. Готвальд (раиси ПКЧ) президент интихоб гардид. Маи 1949 ПКЧ программаи сохтмони социализмро роҳи асосии партия эълон кард. Чехославакия аз с. 1949 аъзои СЭВ ва аз с. 1955 иштирокчии шартномаи Варшава мебошад. Конституцияи нав (11 июли 1960 қабул шудааст) қонунан ғалабаи социализмро дар Чехославакия тасдиқ кард ва муофиқи он мамлакат республикаи Социалистии Чехословакия ном гирифт. Авг. 1968 мамлакатҳои социалистӣ (СССР, РХБ, РХВ, РДГ, РХП) ба халқи Чехословакия дар ҳимоян музаффариятҳои социализм аз амалиёти ревизионистони рост ва қувваи зиддисоциалистӣ, ки аз тарафи доираи империалистони Ғарб дастгирӣ мешуданд, ёрӣ расонданд. Аз 1 янв. 1969 РСЧС республикаи федеративни ду халқи баробарҳуқуқ — чехҳо ва словакҳо (президенташ Л. Свобода, 1968—75; Г. Гусак аз 1975, котиби генералии КМ ПКЧ) мебошад. Чехославакия бо —СССР аз с. 1934 .алоқаи дипломатӣ дорад.

Чехославакия мамлакати мутараққии индустриявист. Дар даромади миллӣ саҳми саноат 61%, х. қ. ва хоҷагин ҷангал 8,4% (1979). Дар саноат 48%, дар х. қ. 15% аҳолии қобили меҳнат банд аст. Қариб 97% даромади миллиро сектори давлатӣ медиҳад, 33% маҳсулоти умумии саноатро соҳаҳои мошинсозию коркарди металл (таҷҳизоти энергетикӣ ва саноат, воситаҳои нақлиёт, дастгоҳ), 14%-ашрр саноати хӯроквори, 11%-ашро металлургияи сиёҳ ва ранга, 8%-ашро саноати химия истеҳсол мекунад. Саноати бофандагӣ, дӯзандагӣ, чарму пойафзол, шишаю чинӣ, чубгарӣ, истеҳсоли маҳсулоти бинокорӣ низ ривоҷ ёфтааст. С. 1985 дар Чехославакия 26,2 млн т ангиштсанг, 100,4 млн т ангишти бӯр, 80,6 млрд кВт-с энергияи электр, 15,0 млн т пӯлод истеҳсол карда шуд. Беш аз 90% замини х. қ. дар сектори социалистӣ мебошад. X. қ. ба дараҷаи баланд интенсивонида шудааст. Дар маҳсулоти умумии х. қ. саҳми чорводорӣ ва деҳқонӣ қариб ба ҳамдигар баробаранд. Қариб 40% заминҳо барои зироат истифода мешавад. Ба 1/2 ҳиссаи майдони заминҳо ғалладона (6,08 млн т гандум ва 3,52 млн т ҷав ғундоштаанд, 1985) кишт мекунанд, инчунин лаблабуи қанд, картошка, розак, зироати хӯроки чорво ва ғ. мекоранд. С. 1986 дар Чехославакия 5,07 млн cap гов, 6,7 млн cap хук парвариш мекарданд. Мурғпарварӣ ҳам ривоҷ ёфтааст. Тўли р.о 13,1 ҳаз. км, роҳҳои автомобилгард 73 ҳаз. км . Аз ҳудуди Чехославакия нефтопроводи «Дружба»мегузарад.

Чехославакия ба хориҷа ҳаргуна мошинҳо, таҷҳизоти саноат, маснуоти саноати сабук, шиша мебарорад. Зиёда аз 70% савдои хориҷӣ ба мамлакатҳои социалистӣ (аз ҷумла 1/3 ҳиссааш ба СССР) рост меояд. С. 1985 ба Чехославакия 16,5 млн наф. сайёҳи хориҷӣ омад. Воҳиди пул — кронаи Чехословакия.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …