Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Журнали «САДОИ ШАРҚ»

Журнали «САДОИ ШАРҚ»

«САДОИ ШАРҚ», журнали ҳармоҳаи адабӣ ва оммавию сиёсӣ, органи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон; дар заминаи журналҳои «Раҳбари дониш» (1927—1932) ва «Барои адабиёти сотсиалист» («БАС», 1932 —1937) ба вуҷуд омадааст. Январи 1938 унвони «Шарқн сурх»-ро гирифт. Соли 1938 танҳо се шумора (январ, феврал, март) баромада, аз апрели 1938 то июни 1940 чоп нашуд. Аз июни соли 1940 то июни соли 1941 чопи журнал барқарор гардид. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) журнал муваққатан баста шуд. Аз нимаи соли 1946 нашри мунтазами журнал сурат гирифт. Муҳаррирони «Шарқи Сурх» Неъматуллоев (1946), Н. Почоҷонов (1947—1949), М. Турсунзода (1949—1952), Ф. Ниёзӣ (1952-1959), П. Толис (1959—1960), А. Раҳмонов (Бақорӣ) (1961—1965) буданд. Дар журнали «Шарқи Сурх» «Ёддоштҳо»-и Айнӣ, достонҳои «Садои Осиё» ва «Ҳасани аробакаш»-и М. Турсунзода, романи «Шодӣ»-и Икромӣ, «Навобод»-и С. Улуғзода, достони «Панҷи ноором»-и М. Миршакар, романи «Вафо»-и Ф. Ниёзӣ, романи «Одамони ҷовид»-и Р. Ҷалил ва бисёр асарҳои бадеии М. Раҳимӣ, М. Аминзода, Б. Раҳимзода, А. Шукӯҳӣ, П. Толис, Ф. Ансорӣ, Б. Ҳоҷӣ ва дигарон ба табъ расидаанд. Аз соли 1964 инҷониб журнал бо номи «Садои Шарқ» мебарояд. Солҳои 1966—1979 муҳаррири он Убайд Раҷаб буд. Соли 1979 муҳаррири журнал Лоиқ Шералӣ таъин гардид. Журнал чунин шӯъбаҳо дорад: назм, наср, очерк ва публитсистика, аз эҷодиёти ҷавонон, мероси адабӣ, тарҷумаҳои нав, танқиди адабӣ, тақриз ва китобиёт, минбари хонанда ва ғайра. Дар «Садои Шарқ» асарҳои тозаи нависандагон, олимон, адабиётшиносон, мунаққидони тоҷик, намунаҳои беҳтарини осори классикони форс-тоҷик ва ҷахон, намунаҳои эҷодиёти халқ, асарҳои нависандагони муосири рус ва халқҳои СССР ба табъ мерасанд. «Садои Шарқ» сохтмони ГЭС-и Роғун, инчунин райони Файзободро ба шефӣ гирифта аст. Дар саҳифаҳои он оид ба тараққиёти аграрӣ ва саноатии ин мавзеъ материалҳо чоп мешававд. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» мукофотонида шудааст (1977). Адади нашр 28000 (1985).
Ҷ. Бақозода

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …