Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХУДОЙҚУЛОВ Саидназар

ХУДОЙҚУЛОВ Саидназар

ХУДОЙҚУЛОВ Саидназар (тав. 1913, деҳаи Чирики ҳозира раёни Шаҳритуз — 30. 1. 1966, ҳамон ҷо), пахтакор. Қадрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Устоди пахтаи РСС Тоҷикистон (1953). Солҳои 1932—35 колхозчии колхози «Большевик», 1936—39 котиби правленияи к-з, 1939—66 раиси колхози ба номи Куйбишев (аз с.

1957 колхози «Оқолтин»)-и pаёни Шаҳритуз буд. Xудойқулов дар инкишофи пахтакорӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ саҳми калон гузоштааст. Бо 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо (аз он ҷумла бо 7 медали НКХХ СССР) ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …