Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХОРИ ГУРГАК

ХОРИ ГУРГАК

ХОРИ ГУРГАК, гургакхор (Cnicus benedictus), як навъ гиёҳро гўянд (аз оилаи мураккабгулҳо). Пояаш рост, 5-қирра, сёршох, каме часпак. Аз 20 то 70 см қад мекашад. Баргаш дарозрўя (то 20 см), паррадор, серпат ва хордор. Гулаш майдаи найчашакл, зардтоб. Хўшагулаш «сабадак» (диаметраш то 2 см). Тухмаш дорчинии зардтоб; вазни 1000-тоаш 23—27 г. Июн — авг. гул мекунад.

xori-gurgak

Дар Осиёи Миёна (аз ҷумла Тоҷикистон) ва Кавказ мерўяд. Бештар дар нишебиҳои хушк, назди истиқоматгоҳҳо, канори роҳ, киштзор нумў меёбад. Дар баъзе кишварҳо (РДГ, РФГ ва ғ.) онро мепарваранд.

Xори гургак гиёҳи доруист. Баргу поя ва сабадаки Xори гургакро дар давраи гулшукуфт меғундоранд. Xори гургак дар доруномаи 7 мамлакати ҷаҳон қайд шудааст. Нақеъ (настой) ва қиёми Xори гургакро барои тақвияти кори узвҳои ҳозима, чун доруи мушаҳҳӣ ва бодрон истифода мебаранд. Дар фитотерапия (табобати наботӣ) нақеъи Xори гургакро ҳангоми заъфи узвҳои ҳозима (боди шинам, қабзият, заъфи руда, захми меъдаву руда), касалиҳои ҷигар, заъфарма (ярақон), хафақон, камхунӣ, обхўра, зиққи нафас ва ғ. тавсия медиҳад. Xори гургак ҷузъи таркибии доруҳои гуногун аст. Табибони халқӣ бо ҷўшоби Xори гургак илтиҳоби шуш, сулфаи хушкак, гулузиндонак, ниқрис (подагра) ва ғ-ро табобат мекунанд.

Баргу поя ва гули Xори гургак 0,2% гликозиди кницин, то .8% моддаҳои даббоғӣ, 5—13% зифт, равғани эфир ва ғ. дорад. М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …