Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УСТАВИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ

УСТАВИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ

УСТАВИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ИТТИФОҚИ СОВЕТӢ, қонуни асосии ҳаёти дохилии Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ, ки вазифа ва ҳуқуқҳои аъзои партия, принсипҳои ташкилии он, нормаҳои ҳаёти дохилипартиявӣ ва тарзу усулҳои фаъолияти амалии онро муайян мекунад. Устави партияи коммунистии иттифоқи советӣ, ки барои ҳамаи коммунистон ва ташкилотҳои партиявӣ ҳатмист, қувваю ғайрати ҳаман аъзоёни партияро муттаҳид намуда, иҷрои Программаи Партияи Коммунистии Иттифоқи Советпро таъмин менамояд; Устави партияи коммунистии иттифоқи советиро съезди КПСС қабул мекунад. Съезди КПСС дар 5 сол як маротиба гузаронда мешавад. Съезд Комитети Марказии КПСС ва Комиссияи марказии тафтишотро интихоб мекунад. Дар давраи байни съеэдҳо ба фаъолияти партия Комитети Марказии, дар байни пленумҳо Бюрои Сиёсии Комитети Марказии КПСС роҳбарӣ менамоянд. Устав аз даҳ боб иборат аст. Дар онҳо вазифа ва ҳуқуқҳои аъзоёни партия, ташкилотҳои республикавӣ, кишварӣ вилоятӣ, округӣ, шаҳрӣ ва районии партия, органҳои роҳбарикунандаи он муайян шудаанд. Устави партияи коммунистии иттифоқи советӣ инчунин аз бобҳои партия ва ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, партия ва комсомол, ташкилотҳои партиявии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ғайра иборат аст. Вобаста ба вазъияти сиёси ва вазифаи конкретӣ съездҳо ба Устави партияи коммунистии иттифоқи советӣ тағйирот медароранд ё навашро қабул мекунанд. Устави мавҷуда дар Съезди 24-уми КПСС
(1971) қабул гардида буд, дар Съезди 27-умии партия (1986) ба он тағйирот дароварданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …