Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / УСТАВИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ИТТИФОКИ СОВЕТИ

УСТАВИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ИТТИФОКИ СОВЕТИ

УСТАВИ ПАРТИЯИ КОММУНИСТИИ ИТТИФОКИ СОВЕТИ, конуни асосии хаёти дохилии Партияи Коммунистии Иттифоки Совети, ки вазифа ва хукукхои аъзои партия, принсипхои ташкилии он, нормахои хаёти дохилипартияви ва тарзу усулхои фаъолияти амалии онро муайян мекунад. Устави партияи коммунистии иттифоки совети, ки барои хамаи коммунистон ва ташкилотхои партияви хатмист, кувваю гайрати хаман аъзоёни партияро муттахид намуда, ичрои Программаи Партияи Коммунистии Иттифоки Советпро таъмин менамояд; Устави партияи коммунистии иттифоки советиро съезди КПСС кабул мекунад. Съезди КПСС дар 5 сол як маротиба гузаронда мешавад. Съезд Комитети Марказии КПСС ва Комиссияи марказии тафтишотро интихоб мекунад. Дар давраи байни съеэдхо ба фаъолияти партия Комитети Марказии, дар байни пленумхо Бюрои Сиёсии Комитети Марказии КПСС рохбари менамоянд. Устав аз дах боб иборат аст. Дар онхо вазифа ва хукукхои аъзоёни партия, ташкилотхои республикави, кишвари вилояти, округи, шахри ва районии партия, органхои рохбарикунандаи он муайян шудаанд. Устави партияи коммунистии иттифоки совети инчунин аз бобхои партия ва ташкилотхои давлати, чамъияти, партия ва комсомол, ташкилотхои партиявии Куввахои Мусаллах ва гайра иборат аст. Вобаста ба вазъияти сиёси ва вазифаи конкрети съездхо ба Устави партияи коммунистии иттифоки совети тагйирот медароранд ё навашро кабул мекунанд. Устави мавчуда дар Съезди 24-уми КПСС
(1971) кабул гардида буд, дар Съезди 27-умии партия (1986) ба он тагйирот дароварданд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …