Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УСУЛИ ҲИҶОӢ

УСУЛИ ҲИҶОӢ

УСУЛИ ҲИҶОӢ яке аз роҳҳои саводомӯзии қадимист. Ба шогирдон аввал ҳарфҳоро бо номҳояшон ёд дода, баъд ба ҳиҷохонӣ мегузаштанд, масалан, ба, ти, би ха. Баъд омӯзгорон калимаҳоеро меомӯазниданд, ки ҳиҷоҳои дохили он ба шогирдон шинос буданд. Баъзан саводомузиро аз ҳарфҳои садонок сар карда, баъд ба ҳарфҳои ҳамсадо мегузаштанд: масалан, ба, то, би, бу, ва ғайра. Як хусусияти Усули ҳиҷоӣ ин буд, ки ҳангоми хондан ҳарфҳоро ном набурда бевосита ҳиҷоҳоро мегуфтанд.

book

Усули ҳиҷоӣ ё таркибӣ, ё таҳлилӣ мешуд. Агар омузгор бо роҳи таркибӣ савод ёд доданӣ шавад, ба шогирдон якчанд ҳиҷоҳоро меомӯзонд, баъд калимаҳоеро, ки дар таркибашон ҳиҷоҳои азхудшуда бошанд, мисол меовард. Дар ҷараёни саводомӯзӣ бо роҳи таҳлилӣ калима интихоб шуда, онро ба ҳиҷоҳо тақсим мекарданд. Баъд ҳарфҳои ҳиҷоҳоро бидуни номбар кардан ба шогирдон нишон медоданд. Ниҳоят, ҳиҷоҳоро номбар карда, калимаҳоро ҳиҷо ба ҳиҷо мехонданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …