Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕВИЗИОНИ РАНГА

ТЕЛЕВИЗИОНИ РАНГА

ТЕЛЕВИЗИОНИ РАНГА, соҳаи теловизиоиро гӯянд, ки барои ирсол, қабул ва намоиши тасвирҳои ранга таъин шудааст. Принципи ирсоли тасвирҳои ранга ба назарияи се унсураи босираи ранга асос ёфтааст. Мувофиқи он ашколи табииро бо ёрии 3 ранги асосӣ (сурх, сабз, кабуд) тасвир намудан мумкин аст. Дар системаҳои телевизиони ранга барои ба вуҷуд овардан ва ирсол намудани сигнали телевизионӣ услубҳои махсуси кодбандии информацияи рангаро истифода «мебаранд; видеосигналро аз сигналҳои телевизионӣ ҷудо мекунанд (бо тарзи кодкушоӣ); бо видеосигналҳо равшании люминофорҳои кинескоп идора мешавад.

tv

Солҳои 1907—08 инженери рус. В. А. Адамиан услуби дар як вақт ирсол намудани кадрҳои ранга «ва соли 1925 бошад, системаи телевизиони серангаро барои ирсоли пайдарпаи тасвирҳои ранга бо истифодаи курси густурандаи П. Нипков (ихтироъкори англис Ҷ. Бэрд соли 1928 техникӣ татбиқ нашудааст) пешниҳод кард. Солҳои 1938—50 дар ШМА системаи пайдарпаи телевизиони рангаи электронӣ сохта шуд, ки аз соли 1951 то 1953 ба сифати системаи стандартии намоиши телевизнонӣ истифода гардид. Солҳои 1948—53 дар СССР айнан ҳамин хел система таҳия шуд, ки дар Москва (солҳои 1954—56) намоиш доданд. Соли 1966 системаи советию франсавии «SЕCАМ-III» сохта шуд, ки дар СССР ва Франция октябри 1967 ба кор даромад. Ҳоло се сюстемаи телевизиони ранга СЕКАМ, NТSС ва РАL мавҷуданд.

Системаи СЕКАМ (Sequential Соnleures а’memore — Система пайдарпаи телевизиони рангаи маҳфузкунанда)-ро соли 1958 инженери франсавӣ А. де-Франс пешниҳод кард. Дар СССР, Франция ба як қатор мамлакатҳои Африка истифода мешавад.

Система NTSC (Nаtional Теlevizijn system commettee — Комитети миллии системаҳои телевизион) — систамаи стандартии телевизиони ранга дар ШМА (соли 1954), дар Япония (соли 1960), дар Канада (соли 1964) ва дигар мамлакатҳои Америка қабул шудааст.

Системаи РАL (Рlase alternation Line — тағирдиҳии фазаи сатрҳо) — солҳои 1962—66 дар РФГ таҳия шудааст. РФГ, Британияи Кабир, Нидерландия, як қатор мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва инчутин Австралия истифода мебаранд.

Системаҳои номбаршуда асосан бо услуби ба вуҷуд овардани сигналҳои телевизионӣ фарқ мекунанд. Ҳоло телевизионҳои ранга нисбат ба телевизиони муқаррарӣ бештар истифода мешавад. Коркарди системаҳои телевизионҳои рангаи стереоскопӣ ба роҳ монда шудааст. Воситаҳои техникаи телевизионҳои ранга қариб дар ҳамаи соҳаҳои саноат истифода мешаванд. Масалан, дар тадқиқҳои кайҳонӣ тавассути телевизионҳои ранга кори кайҳоннавардон, васлшавии киштиҳои кайҳонӣ ва дигар амалиётро мушоҳида менамоянд; аз кайҳон тасвирҳои рангаи сатҳи Замин ва дигар объектҳоро ирсол мекунанд. Дар тиб телевизионҳои рангаро ҳангоми эндоскопия инчунин барои намоиши амали ҷарроҳӣ истифода мебаранд. Телевизионҳои рангаро дар металлургия, физика, химия ва ғайра ба кор мебаранд. Ҳоло телевизиони советӣ пурра ба телевизионҳои ранга гузашта истодааст. Бо ин мақсад таҷҳизоти студиявию берунистудиявӣ барои телевизионҳои ранга бештар истеҳсол мешавад. Дар Москва сохтмани комплекси телевизионҳои ранга барои ирсоли 20 програмаи намоишҳои ранга давом дорад. Дар Тоҷикистон намоишҳои телевизионҳои ранга аз соли 1975 сар шуд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …