Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕЛЕВИЗИОНИ РАНГА

ТЕЛЕВИЗИОНИ РАНГА

ТЕЛЕВИЗИОНИ РАНГА, сохаи теловизиоиро гуянд, ки барои ирсол, кабул ва намоиши тасвирхои ранга таъин шудааст. Принципи ирсоли тасвирхои ранга ба назарияи се унсураи босираи ранга асос ёфтааст. Мувофики он ашколи табииро бо ёрии 3 ранги асоси (сурх, сабз, кабуд) тасвир намудан мумкин аст. Дар системахои телевизиони ранга барои ба вучуд овардан ва ирсол намудани сигнали телевизиони услубхои махсуси кодбандии информацияи рангаро истифода «мебаранд; видеосигналро аз сигналхои телевизиони чудо мекунанд (бо тарзи кодкушои); бо видеосигналхо равшании люминофорхои кинескоп идора мешавад.

tv

Солхои 1907—08 инженери рус. В. А. Адамиан услуби дар як вакт ирсол намудани кадрхои ранга «ва соли 1925 бошад, системаи телевизиони серангаро барои ирсоли пайдарпаи тасвирхои ранга бо истифодаи курси густурандаи П. Нипков (ихтироъкори англис Ч. Бэрд соли 1928 техники татбик нашудааст) пешниход кард. Солхои 1938—50 дар ШМА системаи пайдарпаи телевизиони рангаи электрони сохта шуд, ки аз соли 1951 то 1953 ба сифати системаи стандартии намоиши телевизнони истифода гардид. Солхои 1948—53 дар СССР айнан хамин хел система тахия шуд, ки дар Москва (солхои 1954—56) намоиш доданд. Соли 1966 системаи советию франсавии «SЕCАМ-III» сохта шуд, ки дар СССР ва Франция октябри 1967 ба кор даромад. Холо се сюстемаи телевизиони ранга СЕКАМ, NТSС ва РАL мавчуданд.

Системаи СЕКАМ (Sequential Соnleures а’memore — Система пайдарпаи телевизиони рангаи махфузкунанда)-ро соли 1958 инженери франсави А. де-Франс пешниход кард. Дар СССР, Франция ба як катор мамлакатхои Африка истифода мешавад.

Система NTSC (Nаtional Теlevizijn system commettee — Комитети миллии системахои телевизион) — систамаи стандартии телевизиони ранга дар ШМА (соли 1954), дар Япония (соли 1960), дар Канада (соли 1964) ва дигар мамлакатхои Америка кабул шудааст.

Системаи РАL (Рlase alternation Line — тагирдихии фазаи сатрхо) — солхои 1962—66 дар РФГ тахия шудааст. РФГ, Британияи Кабир, Нидерландия, як катор мамлакатхои Европаи Гарби ва инчутин Австралия истифода мебаранд.

Системахои номбаршуда асосан бо услуби ба вучуд овардани сигналхои телевизиони фарк мекунанд. Холо телевизионхои ранга нисбат ба телевизиони мукаррари бештар истифода мешавад. Коркарди системахои телевизионхои рангаи стереоскопи ба рох монда шудааст. Воситахои техникаи телевизионхои ранга кариб дар хамаи сохахои саноат истифода мешаванд. Масалан, дар тадкикхои кайхони тавассути телевизионхои ранга кори кайхоннавардон, васлшавии киштихои кайхони ва дигар амалиётро мушохида менамоянд; аз кайхон тасвирхои рангаи сатхи Замин ва дигар объектхоро ирсол мекунанд. Дар тиб телевизионхои рангаро хангоми эндоскопия инчунин барои намоиши амали чаррохи истифода мебаранд. Телевизионхои рангаро дар металлургия, физика, химия ва гайра ба кор мебаранд. Холо телевизиони совети пурра ба телевизионхои ранга гузашта истодааст. Бо ин максад тачхизоти студиявию берунистудияви барои телевизионхои ранга бештар истехсол мешавад. Дар Москва сохтмани комплекси телевизионхои ранга барои ирсоли 20 програмаи намоишхои ранга давом дорад. Дар Точикистон намоишхои телевизионхои ранга аз соли 1975 сар шуд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …