Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОШМУҲАММАДОВ Муллотуйчи

ТОШМУҲАММАДОВ Муллотуйчи

ТОШМУҲАММАДОВ Муллотуйчи (1868, Тошкент —1.-6. 1943), сарояндаи ӯзбек. Қаҳрамони Меҳнат, Ҳофизи Халқ (1927).
Шогирди Умар Ҳофиз. Дар мактаби кӯҳна таҳсил намудааст. Тошмуҳаммадов солҳои 1905 ва 1911 аввалин маротиба 25 суруди худ, аз ҷумла «Илғор»,«Хусрав», «Сувора», «Бобо Равшан», «Курди нав»,
«Авҷи Курд» ва ғайраро ба грампластинка сабт кунонидааст. Бо ташаббуси ӯ дар Андиҷон, Скобелев (ҳозира Фарғона), Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо (солҳои 1906—12) дӯконҳои пластинка кушода шуд, ки дар онҳо пластинкаи сурудҳои ӯзбеки, тоҷики, русӣ ва европоӣ фурӯхтанд. Баъди Револютсияи Октябр дар ташкил додани ансамбли мусиқии халқӣ иштирок намудааст. Аз соли 1927 то охири умраш дар ансамбли ҳофизони Комитети радиои Узбекистон ва Филармонияи давлатии Ӯзбекистон чун ҳофизи яккахон кор кардааст. Сурудҳои иҷрокардаи Тошмуҳаммадов: «Баёт», «Фиғол», «Ушшоқ», «Сегоҳ», «Гиря», «Илғор», «Сувора», «Чоргоҳ», «Таронаи Дугоҳ» ва ғайра. Тошмуҳаммадов бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст. Филиали тошкентии Фирмаи «Мелодия» (Заводи грампластинка) ва Театри драмаи мазҳакаи мусиқии вилояти Қашқадарё ба номи Тошмуҳаммадов гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …