Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ТОҲИР ВА ЗӮҲРО»

«ТОҲИР ВА ЗӮҲРО»

«ТОҲИР ВА ЗӮҲРО», яке аз афсонаҳои машҳури ишқию романтикиест дар фолклори тоҷик ва дигар халқҳои Шарқ. Он аз муҳаббати софу беолоиши ошиқоне ҳикоят мекунад, ки ба мақсад нарасида, қурбони ҷаҳолат шудаанд. Тоҳир писари вазир, Зӯҳро духтари шоҳ буд. Вазиру подшоҳ аҳд карда буданд, ки онҳоро хонадор мекунанд, вале подшоҳ аҳдшиканӣ кард. Дар охир ҳарду дилдода ба ҳалокат расиданд.

tvz

Фолклоршиносони тоҷик зиёда аз 20 варианти ин асарро аз мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон ва ноҳияву маҳалҳои тоҷикнишини Узбекистон гирд овардаанд. «Тоҳир ва 3уҳро» дар байни мардуми турк чун достони лирикию эпики маълум аст. Сюжети афсонаи тоҷикӣ дар достонҳои эпикии «Казы Карпеш» ва «Баян Слу»-и мардуми қазоқ низ дида мешавад. Дар «Тоҳир ва 3уҳро» ишқу муҳаббати озод ва инсофу адолат тарғиб шудааст. Баъзе адибони советӣ дар асоси ин афсона асарҳои бадеӣ офаридаанд. Аз ҷумла М. Турсунзода бо ҳамин ном либреттое навиштааст.
Адабиёт: Турсунзода М., Тоҳир ва Зӯҳро, Сталинобод, 1944; Афсонаҳои халқии тоҷики. Сталинобод, 1957.
Р. Ахмадов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …