Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТИМОЛ

ТИМОЛ

ТИМОЛ, 3-окси-1метил 4 изопропил- бензол, СНз (С6Н3) (С3Н7) ОН, кристалли берангест. t гуд. 51,5°С, 1 ҷӯш. 232,9°С. Дар ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешавад; дар об ҳал намешавад. Тимол дар баъзе равғанҳои эфирӣ мавҷуд аст.

timol

Дар саноат Тимолро аз м-крезол (СНзС6Н4ОН) ва пропилен (СНз – СН = СН2) ҳосил мекунанд. Тимол ҳамчун ашёи хом дар истеҳсолоти ментол ва баъзе индикаторҳо истифода мешавад. Дар тиб Тимолро чун доруи зидди киҷҷа ва уфунат, дар амалияи стоматологӣ барои карахт кардани дандон ва ғайра истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …