Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТЕХНИКАИ ТИБ

ТЕХНИКАИ ТИБ

ТЕХНИКАИ ТИБ, маҷмӯи воситаҳои техникиро гуянд, ки бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳо, инчунин барои анҷом додани чораҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ истифода мешаванд. Дар даврҳои қадим барои муолиҷаи беморону захмдорон ҳар хел олатҳои ғайритиббӣ (поку, қайчӣ, гира, анбӯр, абрӯчинак ва ғайраро ба кор мебурдапд. Минбаъд ба туфайли пешравии илму санъати тиб ва тараққию такмили касбу ҳунарҳои гуногун аввалин олоти тиббӣ ва ҷарроҳӣ (нештар, сӯзанҳо, чоқу, анбӯри дандонканӣ ва ғайра) сохта шуданд. Дар Россия истеҳсоли саноатии маснуоти Техникаи тиб асри 18 оғоз ёфт. Дар асри 20 Техникаи тиб ниҳоят тараққӣ кард.

tex-tib

Соли 1937 дар шаҳри Москва Лабораторияи марказии тадқиқотии олоти тиб ташкил ёфт, ки дар заминаи он соли 1944 Институти умумииттифоқии тадқиқотии олот ва таҷҳизоти тиб ташкил шуд. Саноати тибби ҳозира қариб 50 муассисан ихтисосманд, институтҳои тадқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ ва миқдори зиёди ташкилотҳои дигар соҳаҳоро дар бар мегирад, ки ба муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ беш аз 5 ҳазор номгӯи намунаҳон Техникаи тибро медиҳанд. Дар СССР иттиҳодияҳои асосии истеҳсолу сохтани намунаҳои нави Техникаи тиб «Союзмедприбор» ва «Союэмединструмент» мебошанд.
Соли 1958 мамлакатҳои аъзои Совети ёрии иқтисодии байниҳамдигарӣ таснифи махсус қабул карданд, ки аз рӯи он маснуоти Техникаи тиб ба 16 гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд: олоти тиб, аппаратҳоя механикӣ барои ташхис ва табобат, ҷиҳозҳои понсоаӣ, гандзудоӣ ва тақтиркунӣ, асбобу олоти муолиҷаи чашм, маснуоти шикастабандӣ ва ғайра.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …