Маълумоти охирин
Главная / Теги: Физика (страница 10)

Теги: Физика

СТАБИЛИТРОН

stabilitron

СТАБИЛИТРОН (аз лот. stabilis — устувор, доимӣ ва …трон), асбоби газуразрядии дуэлектрода ё худ афзори нимноқилиест барои стабилонии шиддат. Стабилитрони силицийӣ, Стабилитрони разряди тоҷшакл ва Стабилитрони разряди хомӯшшаванда мавҷуданд. Стабилитрони силицийӣ дар шиддати 5—300 В, Стабилитрони разряди тоҷшакл дар шиддати 300 В— 30 кВ ва Стабилитрони разряди хомушшаванда дар шиддати …

Муфассал »

СТАБИЛИЗАТОРИ ЭЛЕКТРӢ

stabilizator

СТАБИЛИЗАТОРИ ЭЛЕКТРӢ таҷҳизотеро номанд, ки барои автоматӣ, новобаста аз лаппиши шиддат дар шабакаи ҷараёни электр ва муқовимати электрии истеъмолкунанда, бетағиир нигоҳ доштани қиматҳои шиддат (дар «мадхал»-и қабулкунакҳои энергияи электр — стабилизатори шиддат) ва қувваи ҷараён (дар занҷири электрӣ — стабилизатори ҷараён) таъин шудааст. Барои стабилонии шиддат аз стабилизаторҳои ферромагнитӣ (аз …

Муфассал »

СПЕКТРҲОИ МОЛЕКУЛАВӢ

spektrhoi-molekulavi

СПЕКТРҲОИ МОЛЕКУЛАВӢ, спектрҳои оптикии фурӯбарӣ, шуоъафканӣ ва инчунин пароканиши комбинационии рӯшноиро гӯянд, ки ҳангоми аз як савияи энергетикӣ ба савияи дигар гузаштани молекула ба вуҷуд меоянд. Спектҳои молекулавӣ аз рахҳои нисбатан ғавс ва ё аз рахҳои нисбатан борик таркиб меёбанд, ки аз маҷмӯи хатҳои зичи спектрӣ иборатанд. Спектҳои молекулавӣ нисбат …

Муфассал »

СПЕКТРҲОИ АТОМӢ

spektr

СПЕКТРҲОИ АТОМӢ, спектрҳои оптикиро гӯянд, ки дар натиҷаи гузаришҳои квантии байни савияҳои энергетикии атомҳои озод ё сусталоқа (газҳои якатома, буғҳо) ба вуҷуд меоянд. Спектрҳои атомӣ аз хатҳои алоҳидаи спектрӣ иборатанд, яъне сохти дискретӣ доранд. Маҷмӯи Спектрҳои атомӣ серияҳои спектриро ташкил медиҳанд. Масофаи байни хатҳои серияи алоҳида ба самти соҳаи мавҷҳои …

Муфассал »

СПЕКТРОФОТОМЕТР

spektrofotometr

СПЕКТРОФОТОМЕТР (аз спектр ва фотометр), асбоби спектрометриест, ки тавассути он дастаи сели афканишоти ченшавандаро бо эталон муқоиса мекунанд. Дар таҳлили спектрӣ истифода мешавад.

Муфассал »

СПЕКТРОСКОПИЯИ ЯДРОӢ

yadernaya-spektroskopy

СПЕКТРОСКОПИЯИ ЯДРОӢ, як фасли физикаи ядрост, ки спектри дискретии ҳолатҳои ядро (энергия, спин, ҷуфтият, спини изотопӣ ва дигар сифатҳои квантии ядрои ангехта)-ро меомӯзад. Вазифаҳои Спектроскопияи ядроӣ инҳоанд: 1) тадқиқи спектри афканишоти ядроӣ, умр ва хусусиятҳои савияҳои энергетикӣ ва интенсивияти гузаришҳои байни ин савияҳо; 2) сохтани схемаи савияҳои энергетикии ядро ва …

Муфассал »

СПЕКТРОСКОПИЯ

spectroscopys

СПЕКТРОСКОПИЯ (аз спектр ва …скопия), як фасли физикаро гӯянд, ки спектри нурҳои электромагнитиро меомӯзад. Усулҳои Спектроскопияро барои таҳқиқи савияҳои энергияи атом- ҳо, молекулаҳо ва системаҳои мак- роскопии аз онҳо ташкилшуда ва гузаришфои кеантии байни савияҳои энергия истифода мебаранд, ки барои омӯхтани сохт ва хусусиятҳои модда ёрии калон мерасонад. Таърихи Спектроскопия …

Муфассал »

СПЕКТРОГРАФ

spektograf

СПЕКТРОГРАФ (аз спектр ва …графия), асбоби спектриест, ки қабулкунакаш дар як вақт тамоми спектри дар ҳамвории фокалии Спектрограф густурдаро ба қайд мегирад. Дар спектроскопияи оптикӣ, таҳлили спектрӣ, астрофизика ба кор меравад.

Муфассал »

СПЕКТРИ ОПТИКӢ

spectra

СПЕКТРИ ОПТИКӢ, спектрҳои афканишоти электромагнитиро дар диапазонҳои инфрасурх, намоён ва ултрабунафши шкалаи мавҷҳои электромагнитӣ гӯянд. Спектрҳои оптики хаттӣ, рахдор ва яклухт мешаванд. Снектрҳои оптикии рахдорро гурӯҳ (рах)-ҳои дискретии алоҳидаи зич ҷойгиршудаи хатҳои спектрӣ ташкил мекунанд. Спектрҳои оптикии яклухт ба шуоъафканӣ (ё фурӯбарӣ) рӯшноии ҳамаи басомадҳо дар ягон фосилаи нисбатан васеъ …

Муфассал »

СПЕКТР

spectra

СПЕКТР (аз лотинӣspektrum—тасаввурот, образ) дар физика, маҷмуи ҳамаи қиматҳои гуногунест, ки ягон бузургии физикӣ дошта метавонад. Спектрҳо яклухт ва мунфасил (дискретӣ) мешаванд. Мафҳумҳои Спектрҳои лаппишҳои басомадӣ (аз ҷумла электромагнитӣ ва акустикӣ) бештар маъмуланд. Дар физикаи ядро мафҳумҳои Спектрҳои массаҳо, импулсҳо, энергияҳо, суръатҳо кор фармуда мешаванд.

Муфассал »