Маълумоти охирин
Главная / Теги: Забони тоҷикӣ

Теги: Забони тоҷикӣ

САРҶУМЛА

zabon

САРҶУМЛА, қисми асосии предикативии ҷумлаи мураккаби тобеъ аст, ки мазмуну моҳияти онро дар бар мегирад. Сарҷумла бо қисми дигари ҷумлаи мураккаби тобеъ — ҷумлаи пайрав, ки ба Сарҷумла тобеъ буда, аа ҳар ҷиҳат онро эзоҳ медиҳад, як воҳиди кулли нутқ — воситаи мураккаби ахборро ташкил мекунад. Масалан: Домони уфуқ дар …

Муфассал »

ШУМОРА

shumora

ШУМОРА, яке аз ҳиссаҳои нутқ, ки миқдор ва тартиби предметҳоро бо адад ифода мекунад ва ададҳои муҷаррад (алоҳида, беном, абстракт)-ро номбар менамояд. Mac., 1 китоб, 512 рӯзи меҳнат, ду зарби ду баробари чаҳор, ҳафту ҳашт — понздаҳ ва ғ. Ш.-ҳо калимаҳои мустақилмаъноянд. Вақте ки онҳо бо исмҳо омаданд, миқдори конкретро …

Муфассал »

ШЕВАШИНОСӢ

shevashinosi

ШЕВАШИНОСӢ, диалектология, як қисми забоншиносист, ки лаҳҷа ва шеваҳои маҳаллии забонро меомузад. Шевашиносӣ ду навъ мешавад: тасвирӣ ва таърихӣ. Шевашиносии тасвирӣ манзараи имрузаи лаҳҷа ва шеваҳои маҳаллиро меомӯзад. Вай аз рӯи зарурат барои таъин намудани баъзе ҳодисаҳо гоҳо ба фактҳои таърихӣ муроҷиат мекунад. Вазифаи Шевашиносии таърихӣ низ басо мураккаб аст: …

Муфассал »

ШЕВА

gap-zadan

ШЕВА қисми калонтари забони маҳаллӣ. Гуруҳи лаҳҷаҳоеро фаро мегирад, ки баробари фарқҳои ҷузъӣ хусусиятҳои умумӣ низ доранд. Калимаҳои Шева ва лаҳҷа дар адабиёти илми то с-ҳои 70 ҳамчун муродиф бетафовут ба ҷои ҳамдигар истифода мешуданд. Ҳоло фарқи истилоҳии онҳо таъин шудааст. Лаҳҷа мафҳуми танг, шохаи хурд. Шева мафҳуми васеъ, маҷмуаи …

Муфассал »

ШАХС

ШАХС, яке аз категорияҳои грамматикии феъл аст, ки бо категорияя шумора якҷоя истифода мешавад. Воситаҳои грамматикии ифодаи Q1. ва шумора бандакҳои феълӣ ва хабарӣ меоошанд. Феъл се Шахс дорад. Шахси якуми танҳо ва ҷамъ—гуянда (ман, мо, моён), Шахси дуюми танҳо ва ҷамъ — шунаванда (ту, шумо, шумоён) ва Шахси сеюми …

Муфассал »

Ш

sh

Ш (ша), ҳарфи бистушашуми алифбои ҳозираи тоҷикист, ки аз алифбои русӣ гирифта шуда (1940), овози ҳамсадои зич (аффриката)-и пешизабонии шавшувиро ифода мекунад ва шакли навишти чопиаш Шш дастнависаш Ш ш. мебошад. Дар алифбои арабиасоси тоҷикӣ (то 1930) Шин ном дошта, ба шакли ишора мешуд. Дар алифбои лотиниасоси тоҷикӣ (1930—40) шакли …

Муфассал »

СУБСТАНТИВАСИЯ

book-1

СУБСТАНТИВАСИЯ (аз лотинӣ substantivum — исм), ба исм гузаштани дигар ҳиссаҳои нутқ. Дар забони тоҷикӣ бештар сифат ва сифати феълӣ бо ин роҳ ба исм гузаштаанд: Бо бадон бад бошу бо некон накӯ (Саъдӣ). Аз павиштаҳои ӯ фоидае нест (Айнӣ). Ба тамаи манфиати номаълум фоидаи накдро аз даст додан кори …

Муфассал »

СИҒА

book-1

СИҒА, категорияи грамматикии феъл, ки муносибати амалро ба воқеият нишон медиҳад. Сиға бо шаклҳои тасрифии феъл ифода мешавад. Дар забони тоҷикӣ 4 Сиға ҳаст: 1) Сиғаи хабарӣ, ки воқеъ шудан ё нашудан, тасдиқ ва ё инкори амал буда, шаклҳои нақлии феълҳои замони гузашта, баъзе шаклҳаи феълии замони ҳозира ва ояндаи …

Муфассал »

СИФАТИ ФЕЪЛӢ

book-1

СИФАТИ ФЕЪЛӢ, яке аз шаклҳои номии феъл буда, амал ё ҳолатеро мефаҳмонад, ки он ҳамчун аломати предмет дар яке аз замонҳо воқеъ мешавад. Сифати феълӣ бо аломатҳои морфологиаш дорои хусусиятҳои феъл ва сифат аст. Сифати феълӣ гузаранда (кашонанда, шунидагӣ) ва монда (раванда, шукуфӣтагӣ) мешавад. Ин хусусияти он ба ифодан тарзҳои …

Муфассал »

СЕМИОТИКА

СЕМИОТИКА (юнонӣ semeion— аломат, нишона), илмест, ки маҷмӯи хосиятҳои аломатҳо ва системаи онҳо (асосан забонҳои маснӯъ ва табиӣ)-ро меомӯзад. Семиотика таърихи тӯлонӣ дошта, вобаста ба масъалаҳои мантиқ ташаккул ёфтааст. Баъзе унсурҳои Семиотика дар системаҳои мантиқии Арасту, Абӯалии Сино, Умари Хайём, Дунс Скотт, Гоббс, Лейбниц, Ҷон Милл буданд. Аммо ҳамҷун соҳаи …

Муфассал »