Маълумоти охирин
Главная / Теги: шеър (страница 2)

Теги: шеър

ТАЪРИХ

sher

ТАЪРИХ шеъреро гӯянд, ки дар таърихи рӯйдодҳои муҳими давр суруда шудааст. Аввалҳо таърихгуи нисбатан содда буд. Масалан, таърихи Кисоӣ: Ба сесаду чихилу як расид навбати сол, Чахоршанбеву се рӯз боқӣ аз шаввол. Биёмадам ба ҷаҳон то чӣ гӯяму чӣ кунам, Суруд гӯяму шодӣ кунам ба неъмату мол. Аз асрҳои 11—12 …

Муфассал »

ТАЪРИЗ

sher

ТАЪРИЗ (арабӣ — эътироз кардан) як навъ киноя буда дар шеър ба байт ё якчанд байти шоири дигар эрод гирифтан аст. Эродҳо ниобат ба ҳариф бештар бо суханони тамасхуромез бо киноягӯӣ ва сарзаниш изҳор мешаванд. Масалан дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ омалааст, ки рӯзе вақти набудани Рашидии Самарқандӣ подшоҳ …

Муфассал »

ТАШХИС

sher

ТАШХИС яке аз санъатҳои бадеист, ки мувофиқи талаботи он ба ашьёи табиӣ ва ҳайвонот сифатҳои инсонӣ нисбат дода мешавад. Дар эҷодиёти даҳонакии халқ аз адабиёти классикӣ ташхис аз замонҳои қадим серистеъмол будааст. Масалҳо, латифаҳо, афсонаҳои халқӣ ва асарҳои фаровооне ба мисли афсонаҳои тӯтӣ («Тӯтинома»), қиссаи «Калила в Димна», «Баҳориёт»-и Сайидо, …

Муфассал »

ТАШБИБ

sher

ТАШБИБ (арабӣ — зикри айёми ҷавонӣ), дар шеъри классикии форс-тоҷик ҷузъе аз қасидаи мадҳист, ки дар он айёми шабоб (ҷавонӣ)-и шоир ёд мешавад. Дар ашъори шоирони гузаштаи форс-тоҷик бисёр ташбибҳое пеш меоянд, ки дар онҳо гоҳе аз ишқу ҷавонӣ, гоҳе аз вазъи зиндагии шоир сухан меравад. Чунин ташбибҳо барои омухтани …

Муфассал »

ТАШБЕҲ

zabon

ТАШБЕҲ (арабӣ — монанд кардан, монандӣ), яке аз санъатҳои бадеӣ, монанд ё муқоиса кардани чизҳо ва ҳолатҳо дар асари бадеӣ. Таркиби ташбеҳ, аз се ҷузъи асосӣ иборат аст; мушаббаҳ (монанда, ташбеҳшаванда); 2) адоти ташбеҳ (ёридиҳандаи ташбеҳ); 3) мушаббаҳунбиҳӣ (монанд,- ташбеҳкунанда). Масалан, дар ин байти Рӯдакӣ «май» —Монанда, «равон ёқути ноб» …

Муфассал »

ТАФСИР

sher

ТАФСИР яке аз санъатҳои бадеии маънавист. Мувофиқи талаботи он шоир бо мақсади таъкид мақсадашро хираву муҷмал зикр карда, дар мисраъ ё байти сонӣ онро шарҳ медиҳад. Масалан, дар ин шеъри Рӯдакӣ ибораи «се пероҳан» тафсир ёфтааст: Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат Се пероҳан салаб будаст Юсуфро ба умр-андар: Яке …

Муфассал »

ТАФРИҚ

book-1

ТАФРИҚ, яке аз санъатҳои бадеии маънавист. Мувофиқи талаботи он шоир ду маФҳуми ҳамҷинс ё зоҳиран муштараксифатро паи ҳам оварда, сипас ба ҳар якв аз ояҳо сифатҳои мугақобиларо нисбат медиҳад. Масалан, дар байти зерин таври ман ва таври олимони рӯзгор сабт шуда, дар мисраи дигар миёни ин «тавр»-ҳо фарқ гузошта шудааст: …

Муфассал »

ТАТАББӮЪ

sher

ТАТАББӮЪ (арабӣ аз — оимӯхтаи, пайравӣ кардан), ба вазну қофияи шеъри касе тақлид карда шеър гуфтан, мувофиқи оҳанги асари адибе, яъне дар ҳамон вазну қофия ва мавзуъ офарадани асар Тасҳеҳ аст; ба ғазали Камоли Хуҷандӣ, ки матлааш ин аст; Ёр гуфт: «Аз ғайри мо пушон назар!»Гуфтам: «Ба чашм!» «В-он гаҳе …

Муфассал »

ТАСДИР

sher

ТАСДИР (арабӣ — садр кардан), ак навъи санъати бадеии радд-ул-аҷз ила-с-садр, яъне овардани калимаи садр (аввали мисраи якуми байт) дар охири мисраи дуюм: Посбононро иваз созанд рӯзону шабон, Дил вале хоҳад, ки бошам рӯзу шабҳо посбон. (М. Турсунзода). Ин санъат барои таъкиди матлаби шоир аҳамияти калон дорад. Р. Мусулмоқулов.

Муфассал »

ТАРҶЕЪБАНД

sher

ТАРҶЕЪБАНД — манзумаеро гӯянд, ки аз силсилаи бандҳо (хонаҳо)-и шеърӣ иборат буда, бандҳо байни ҳамдигар бобайти восита, байти восила (васила)-и айнан такроршаванда пайваст мегарданд. Дар оғози пайдоиш тарҷеъбанд аз панҷ байт иборат буда, ҳамаи даҳ мисраъ қофияи ягона доштанд. Масалан, як банди тарҷеъбанди Фаррухӣ: Ҳамегуфтам, ки кай бошад, ки хуррам …

Муфассал »