Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТОҶ-УТ-ТАВОРИХ»

«ТОҶ-УТ-ТАВОРИХ»

«ТОҶ-УТ-ТАВОРИХ» асари таърихии воқеанигор Муҳаммадшариф ибни Муҳаммаднақӣ (охири асри 18—ибтидои асри 19). Ба тоҷикӣ таълиф шудааст. Ин асар таърихи ҳукмронии Аштархониён ва Манғитияро дар Бухоро (то аҳди амир Ҳайдар 1800—26) дар бар мегирад. Китоб аз сарсухан, се қисми муқаддимавӣ, ду боб (мақола) ва хулоса иборат буда, баъзе бобчаҳои дохили қисмҳо «гуфтор», «достон», «зикр» ва «баён» номида шудаанд. Дар муқаддима шаҷараи Манғития (асосгузораш Муҳаммад Раҳим) пурра баён ёфтааст. «Тоҷ-ут-таворих» барои омӯхтани таърихи аморати Бухоро (дар аҳди Манғития) сарчашмаи пурарзишест.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …