Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАЪРИХИ ҶАҲОННАМО»

«ТАЪРИХИ ҶАҲОННАМО»

«ТАЪРИХИ ҶАҲОННАМО» ин асари муаррихи асри 19 тоҷик Муллоибод Муҳаммад ибни Рӯзимуҳаммади Аттор, ки аз аввали пайдоиши дунё то ибтидои ҳукмронии амири Бухоро — Музаффар (1860—75)-ро дар бар мегирад. Асар солҳои 1867—68 ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи ҷаҳоннамо» аз 15 боб (қисм) иборат мебошад. Боби 1 ба таърихи пайғамбарон ва файласуфони Юнони Қадим, боби 2 ва 4 ба Муҳаммад пайгамбар ва халифаҳои араб, боби 3 ба подшоҳони қадими эронзамин, бобҳои 5—6 ба сулолаҳои Умавиён ва Аббосиён, боби 7 ба сулолаҳои ҳамзамони Аббосиён, боби 8 ба қабилаҳои турку муғул, боби 9 ба сулолаҳое, ки дар Осиёи Миёна ва Эрон баъди муғулҳо ҳукмронӣ кардаанд (Темуриён, Шайбониён, Сафавиён), боби 10 ба мулки Ҳинд, боби 11 ба воқеаҳои таърихии Осиёи Миёна ва мамлакатхои дигар (ин боб қариб пурра аз «Таърихи Сайнд Роқим» рӯнавис шудааст), бобҳои 12—13 ба таърихи Аштархониёну Нодиршоҳ, бобхои 14—15 ба«Манғитияи Бухоро ва Темуриёни Ҳинд ва гузаштагони онҳо бахшида шудванд. Муаллиф бидуни мушоҳидаҳои шахсӣ, аз бисёр асарҳои таърихӣ низ истифода бурдааст. «Таърихи ҷаҳоннамо» барои омӯхтани воқеаҳои умумии олам, хусусан замони муаллифи китоб маъхази муътабаре мобошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …