Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИСТЕМАИ ДУПАЛАТАГӢ

СИСТЕМАИ ДУПАЛАТАГӢ

СИСТЕМАИ ДУПАЛАТАГӢ, дар ҳуқуқи давлатӣ системаи ташкили органҳои қонунгузоре, ки аз ду қисм (палата) иборат аст. Органи олии намояндагии давлатии СССР — Совети Олии СССР дар ҳамин асос ташкил ëфтааст. Системаи дупалатагии Совети Олии СССР характери Давлати сермиллати Советиро ифода карда, манфиатҳои умумии ҳамаи меҳнаткашони СССР, инчунин манфиатҳои хоси миллии ҳамаи халқҳои онро таъмин мекунад. Ҳар ду палата мунтазам дар асоси демократӣ — интихоботи бевосита ташкил шуда, пурра баробарҳуқуқанд. Онҳо дар як вақт ва ба мӯҳлати якхела интихоб шуда, Ҳуқуқи баробари ташаббуси қонунгузорӣ доранд. Қонун танҳо дар сурате тасдиқшуда ҳисобида мешавад, ки агар аз тарафи ҳар ду палата қабул шуда бошад ва ғайра.

Дар парламентҳо ва давлатҳои федеративию унитарии капиталистӣ низ Системаи дупалатагӣ вуҷуд дорад, вале палатаҳо нобаробарҳуқуқ буда, палатаи болоӣ ба ҳуқуқҳои нисбатан васеъ соҳиб аст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …