Маълумоти охирин
Главная / Биология / СИФИЛИС

СИФИЛИС

syphilis

СИФИЛИС (аз номи асари духтури италиявӣ Ҷ. Фракасторо  — «Сифилис ё бемории франсавӣ», ки соли 1530 дар Верон нашр шуда, ба тавсифи бемории чӯпон Сифилус оид буд), оташак, обилаи фараягн, доъулфаранг, куфт, қулрӯна, як марази сироятиро гӯянд, ки дар олати таносули одам пайдо мешавад; трепонемаи сафед (спиро- хетҳо) ба вуҷуд меорад. Баранге- зандаи С. зери мнкроскоп шакли риштаи борикн морпеч (спирал)-ро дорад; дарозиаш 4—14 мкм, бараш 0,2 мкм; берун аз организм дар натиҷаи хушкшавӣ, баъди якчапд сонняи бо кислотаи карбол, сулема, спирт, собуноба деэинфекция намудан ва баробари 100°С гарм кардап фавран побуд мешавад. Ба ҳарорати паст тобовар аст. Одам бештар ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахси гирифтори Сифилис (Сифии ҷинсӣ) сироят меёбад; баъзан аз бӯсидан, сирояти касбии коркунони тиббӣ (Сифилиси ғайриҷинсӣ), истифодаи қошуқ, пиёлаю нстакон, коса, чӯткаи дандоншӯии шахсн бемор ва ғайра (Сифилиси маишӣ) низ ба Сифилис гирифтор шудан мумкин аст. Сифилис ба якчанд давра — ниҳонӣ, якум, дуюм ва сеюм тақсим мешавад. Даври ниҳонӣ (аз лаҳзаи сироят то зоҳир гардидани аломатҳои аввалии  беморӣ (ба ҳисоби миёна 3—4 ҳафта, баъзан аз 9—11 то 92 шаборӯз) давом мекунад. Давраи якум бо пайдо шудани қарҳаи сахт (икзиз дигит) дар қисмҳои гуногуни пӯст ва пардаҳои луобӣ, ки трепонемаи сафед дохил шудааст, сар мешавад; қарҳаи сахт аз ҷаққа (эрозия) ё захми бедарди гирда ё байзашакли канорҳояш ҳамвор иборат аст; рангаш сурхи гулобӣ. Давраи якум ба ҳисоби миёна 6—8 ҳафта давом карда, баъд давраи дуюм сар мешавад, ки аломатҳояш васеъшавии рагҳои лимфавӣ, ҳисси беҳолӣ, сустӣ, дарди сар, таб ва ғайра мебошанд. Дар пӯст ва пардаҳои луобй доначаҳои гуногун (серхол, гиреҳдор, ҳубобчадор, чирк- нок) пайдо мешавапд, ки бе табобат нест шуда, баъди чапд вақт боз авҷ мегиранд. Дар ҳалқ доғҳои бедарди сурхи тира (ангинаи сифилисӣ), дар забон, лаб ва ком бошад, гиреҳҳои сафедча ба вуҷуд меоянд, ки чунлн беморон барои шахсони атроф хавфпокапд. Доначаҳо якчапд маротиба пайдо шуда, боз нест мешаванд ва ҳамин тавр 2—3 сол такрор меёбапд. Ҳангомп муолиҷа накардан баъди 3—4 сол давраи с е ю м сар мешавад, ки аз якчапд моҳ то лкчанд сол давом мекунад. Дар пӯст, паоҷи зери пӯст, устухонҳо, узвҳои дохилӣ (девораи дил, аорта, ҷигар, меъда, рӯда ва ғайра), мағзи сар ғуррӣ ва гуммаҳо ба вуҷуд меояпд. Фасод шудани гуммаҳою омосҳоп сифилисии девораи дил боиси марг мегардад; ҳангоми фосид шудани гуммаҳои ҷигар, меъда, рӯда бошад кори ин узвҳо вайрон мешавад. Сифилис модарзодӣ низ мешавад. Ҳангоми сирояти дохилибатнӣ трепонемаҳои сафед аз модарӣ бемор баъди 5 моҳ ба оргапизми ҷанин гузашта, онро нобуд мекунад, ки ин боиси бачапартоӣ ё таваллуди бармаҳал (7— 8ммоҳа) мегардад. Баъзе кӯдакони гирифтори Сифилиси модарзодӣ зинда монанд ҳам, ҷисман ва ақлан ноқис мешаванд. Бо мақсади пешгирӣ занҳои ҳомиларо аз тадқиқоти серологӣ мегузаронанд.

sifilis-1

Муолиҷа: ба давра ва шакли Сифилис вобаста аст. Сифилиси сироятнокро дар беморхона табобат мекунанд. Истифодаи антибиотикҳо, ишқори йоднок, намаки металлҳои вазнип, хунгузаронӣ, витаминҳо ва ғайра. Баъди анҷом ёфтани муолиҷа беморон 2— 5 сол дар қайди беморхона истода, баъди ҳар 3—6 моҳ аз тафтиш мегузаранд. Агар дар ин муддат беморй такрор наёбад, баъди аз тафтишоти терапевт, рентгенолог, невропатолог ва окулист (духтури чашм) гузаштан бемор аз қайди беморхона бароварда мешавад.

Ф. Л. Қиёмов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …