Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТИЛ Андре

СТИЛ Андре

andre_stil

СТИЛ (stil) Андре (таваллуд 1. 4. 1921, Эрни, департаменти Нор), нависандаи франсавӣ, публицист. Аъзои Партияи Коммунистии Франция (ПКФ) аз соли 1942. Университети Лиллро хатм кардааст. Иштирокчии Ҳаракати муқобилат. Ходими партияви, журналист (1945—49) буд. Солҳои 1950— 59 сармуҳаррири газетаи «Юманите», сипас шореҳи адабии он. Номзад ба аъзоӣ ва аъзои Комитети Марказии Партияи Коммунистии Франция интихоб шудааст (‘1950—69). Аввалин маҷмуаи ҳикояҳои Стил— «Қӯҳкан» (1949) аз ҳаёти ангиштканон ҳиксоят мекунад. Дар романи сегоная Стил «Зарбаи аввал» (1951—53; барои қаҳрамони 1 Мукофоти девлатии СССР, 1952; тарҷумаи тоҷикӣ 1956) муборизаи ватандӯстонаи франсавиён бар зидди барпо кардани базаи ҳарбии америкоиҳо, талош баҳри сулҳ тасвир шудааст. Дар он мавзӯи иттиҳоди коргарон ва Партияи каммунистӣ мақоми калон дорад. Соли 1952 китоби Стил «Ба сӯи реализми социалистӣ» нашр шуд. Стил муаллифи романҳо ва ҳикояҳои зиёдест.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …