Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТЕЛЬМАХ Михаил Афанасьевич

СТЕЛЬМАХ Михаил Афанасьевич

stelmah_mihafan

СТЕЛЬМАХ Михаил Афанасьевич (24. 5. 1912, деҳаи Дьковци, ҳозира вилояти Винница —27. 9. 1983, Киев), нависандаи советии украин, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалисти

(1972). Аз оилаи деҳқони камбағал. Институти педагогии Винницаро хатм кардааст (1933). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-45). Солҳои 1945—53 дар Институти санъат, фолклор ва этнографияи Академияи Фанхои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Украина кор кард. Асарҳояш аз соли 1936 инҷониб чоп мешаванд. Муаллифи якчанд маҷмӯаи шеърҳо, пьесаҳо ва китобҳои бачагона аст. Дар раману повестҳои Стельмах марҳилаҳои асосии ҳаёти деҳоти Украинаи асри 20 инъикос гардидаанд: трилогияи «Хешони наздик» (1949—50; Мукофоти давлатииСССР, 1951), «Хуни одамӣ об не» (1957; тарҷумаи тоҷикӣ 1962), «Нону намак» (1959; Мукофоти ленинӣ, 1961). Романҳои «Росту дурӯғ» (1961) ва «Бо ёди ту» (1969), қиссаҳои бачагонаи «Қуҳо дар парвозаид» (1964), «Шомгоҳи босаховат» (1967) ва ғйра. Насри Стельмах, ки дар он ба рӯҳияи деҳқонӣ диққати амиқ дода шудааст, бо бисёр хусусиятҳои худ, аз ҷумла, боигарии забон, услуби лирикию романтикӣ, унсурҳои фолклорӣ ва этнографӣ аз насри муосиронаш фарқ мекунад. Китобҳои Стельмах ба бисёр забонҳои халқҳои СССР ва дунё тарҷума шудаанд. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 6—10). Бо 3 ордени Ленин, 5 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …