Маълумоти охирин
Главная / Биология / СПИРОХЕТОЗҲО

СПИРОХЕТОЗҲО

СПИРОХЕТОЗҲО (аз юнонӣ speira — ҳалқа ва сhaita — мӯй), як гурӯҳ бемориҳои одаму ҳайвонро гӯянд, ки спирохетаҳои беморизо (бактерияҳое, ки ҳуҷайраҳояшон дарозрӯяи печутобхӯрда мебошанд) ба вуҷуд меоранд. Аз рӯи тарзи сироят спирохетозҳо якчанд хел мешаванд: спирохетозҳои рӯда (лептоспирозҳо; дар ҳама ҷо паҳн шудаанд), Спирохетозҳои роҳҳои нафас (асосан дар мамлакатҳои тропикӣ паҳн шудаанд), Спирохетозҳоии хун (тифҳои раҷъии шабушкӣ ва канаӣ), Спирохетозҳои рӯпӯши бадан (сифилис, фрамбезия, пинту ва баъзе бемориҳои дигар). Ба гурӯҳи Спирохетозҳо чанд бемории дигар (заҳрбоди Симановский-Венсан, стоматити решнок ва ғайра) низ дохил мешаванд.

Спирохетозҳои паррандаҳо — касалии сироятии паррандаҳои ваҳшӣ ва хонагӣ, ки spirochaeta аnserinum ба вуҷуд меорад. Аломатҳои он табларза, суст шудани функцияи узвҳои ҳаракат ва ғайра мебошанд. Аз асари Спирохетозҳо 80%-и паррандаҳои касал ҳалок мешаванд. Касалиро асосан канаҳо паҳн мекунанд. Спирохетозҳо дар харгӯшҳо низ вомехӯрад.

Муолиҷа: Истеъмоли осарсол, антибиотикҳо.

Пешгирӣ: моякӯбии паррандаҳо мубориза бо канаҳо.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …