Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СПИЦИИ Виктор Иванович

СПИЦИИ Виктор Иванович

СПИЦИИ Виктор Иванович (таваллуд 25.4. 1902,       Москва), химики советӣ, академики Академияи Фанҳои            СССР (1958; аъзо-коррспонтент 1946), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1969). Аъзои КПСС аз соли 1941. Университети давлатии Москваро хатм намудааст (1922). Аз соли 1942 профессор ва солҳои 1942—48 проректори университети мазкур. Аз соли 1949 корманди Институти химияи физикии Академияи Фанҳои СССР (аз соли 1953 директор). Асарҳои ӯ ба химия ва технологияи элементҳои нодир (аз ҷумла элементҳои радиоактив), пайвастҳои комплексӣ ва химияи радиационӣ оиданд.

Спицин бо ҳамроҳии кормандонаш пайвастагиҳои ҳафтвалентаи Nр, РU ва Аm-ро ҳосил кард ва хосияти онҳоро тадқиқ намуд; усулҳои аз боқимондаҳои радиоактивии саноати атом ҷудо кардани Тс ва дигар компонентҳои қимматбаҳо, усули бехатари бо роҳи ба қабатҳои сӯрохидори (коллекторхои) геологӣ кашида дур кардан ва безарар гардонидани боқимондаҳои радиоактивиро кор карда баромадааст. Бо 4 ордени Ленин, ордени Революцияи Октябр, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …