Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛЕҲОВ Аъзам

СОЛЕҲОВ Аъзам

СОЛЕҲОВ Аъзам (таваллуд 19.12.1941, шаҳри Душанбе), бастакори советии тоҷик. Аъзои КПСС аз соли 1967. Писари бастакор Солеҳов Фозил. Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм намуда (1963), солҳои 1966—71 дар Консерваторияи давлатии Тошкент дар синфи профессор Б. И. Зейдман аз рӯи ихтисоси композиция ва полифония дарс омӯхтазст. Аз соли 1971 муаллими Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе. Солеҳов бастакори сермаҳсул аст. Аз солҳои таҳсилаш дар омӯзишгоҳи мусиқӣ дар эҷоди асарҳои мусиқии ҳаҷман хурд маҳорат нишон додааст. Солеҳов зиёда аз 40 асари гуногунжанри мусиқӣ тасниф кардааст, ки калонтарини онҳо достони симфонии «Хотираи Модар» (1969), достон рапсодияи «Садои Осиё» (1970) барои хонанда, хор ва оркестри симфонӣ аз рӯи достони М. Турсунзода; симфонияи драматикии 3-қисмаи «Солномаи Аспанзод» (1971), симфонияи сеюми «Қаҳрамонӣ» (1977) -и бахшида ба комсомолони аввалини Тоҷикистон, симфониеттаи «Ҷавонӣ» иборат аз 4 қисм (1975), достонҳои симфонии «Хотираи Айнӣ (1980)», «Эҳёи Роғун» (1981) ва ғайра мебошанд. Мавзӯи асарҳои Солеҳов хеле гуногунанд. Солеҳов ба якчанд спектаклҳо: «Задухӯрд дар биёбон» (1974, М. Миршакар), «Абадзинда» (1975, С. Сафаров), «Маликаи ғашён» (1979, С. Саидмуродов) оҳанг навиштааст. Услуби Солеҳов равон ва содда буда, бештар ба нозукиҳои мусиқии миллӣ такя мекунад. Солеҳов бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» мукофотонида шудааст.

И. Раҳимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …