Маълумоти охирин

СКЕЛЕТ

  СКЕЛЕТ (аз юнонӣ Skeletos — хушкшуда, қоқшуда), маҷмӯи бофтаҳои сахти организми ҳайвонот ва одамро гӯянд, ки вазифаи такягоҳи бадан ва аз офатҳои механикӣ муҳофизат кардани онро иҷро мекунад.

skelet-01

  Скелети одам аз устухонҳои ҷумҷума, дасту пой ва тана иборат буда (ҳамагӣ беш аз 200 устухон), аз ҷиҳати сохти умумӣ ба Скелетии ҳайвоноти мӯҳрадор ва маймунҳои одамшакл монанд аст. Скелети одам аз Скелети маймун танҳо бо сохт ва калон будани ҷумҷума, шакли устухонҳои дасту пой, сутунмӯҳра ва кос фарқ мекунад. Скелети аз бофтаҳои пайвандӣ иборатбудаи насли одам ҳанӯз дар 2-моҳагии инкишофи дохилибатнӣ ба асоси тағоякии ӯстухонҳои минбаъда табдил меёбад, ки ӣнкишофи он дар 25—2С-солаги комилан ан- ҷом меёбад. Аз рӯи дараҷаҳои устухоншавӣ, ки ба восиваи рентген муайян карда мешавад, синну соли одамро аниқ кардан мумкин аст. Дар баркамолӣ ва солхӯрдагӣ дар натиҷаи дар ҳуҷайраҳои устухон кам шудани миқдори калсий устухонҳо пӯккаю серсӯрох (остеопороз) мешаванд ва просесси пиршавив устухонҳои Скелет авҷ мегирад. Сохти Скелет хусусиятҳои ҷинсӣ низ дорад; масалан, устухонҳои дасту пои Скелетии мард нисбат ба занҳо калон, ғафс, вазнин буда, устухони кос танг ва қафаси синааш васеъ мебошад. Бемориҳои Скелет ба ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва махсусан бофтаҳои устухонӣ ва носомонии баъзе ғадудҳои усораи дохилӣ вобаста аст. Ихтилоли гуногуни инкишофи дохилибатнии устухон бисёр вақт бо шаклвайрониҳои модарзодии устухонҳо зоҳир мегардад. Дар бораи осеби устухонҳои Скелет нигаред Шикасти устухон.

 Скелет дар палеонтология манбаи асосии омӯзиши эволютсияи морфологии одам ва таҷдиди намуди зоҳирии аҷдоди қадимаи он мебошад

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …