Маълумоти охирин

«СИЁСАТНОМА»

  «СИЁСАТНОМА»  асари Низомулмулк Хоҷа Қишомуддини Тӯсӣ, ки солҳои 1091—1092 таълиф ёфтааст. Сиëсатнома дар сиёсати давлатдорӣ яке аз нахустин асарҳоест, ки ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст; аз 39 фасли мухтасар иборат буд. Аммо пас аз 13 соли қатли муаллиф бо дасти котибе 11 боби нав ба он илова шуд ва «Сиëсатнома» дар 50 фасл то замони мо расидааст. Дар «Сиëсатнома» роҷеъ ба  ахлоқ, рафтору кирдор, муомилаву муносибат ва сиёсату риёсати амирону вазирон, дабирон, надимон, қозиҳо, хизматгорон, посбонон ва дигар табақоти аҳолӣ, таъмину нигаҳдошти лашкар, хазинаи давлат ва ғайра бисёр фикрҳои ҷолиб баён ёфтаанд. Дар «Сиëсатнома» мушоҳидаҳои муаллиф, ки дар зарфи 24 соли вазириаш аз одобу ахлоқ ва салтанату сиёсати ҳукуматдорон ҳосил карда буд, ҷамъбаст гардидааст. Муаллиф дар оромиву осоиштагии мамлакат ҳиммат, адолат, инсоф, мулоҳиза, ростӣ, хайрхоҳӣ, илмдӯстӣ, бурдборӣ, раиятпарвариро рукни асосӣ дониста, барои исботи фикраш аз рӯзгори подшоҳони пешин ҳикоятҳо овардааст. Ба ақидаи муаллифи «Сиëсатнома» дар сари давлат бояд донишмандон бештар шаванд ва подшоҳон он навъи мамлакатдориро бипазиранд, ки аз санҷиши рӯзгор гузашта бошад. Дар «Сиëсатнома» инчунин оид ба давраи Салҷуқиён, тарзи мамлакатдории онҳо, баъзе хурӯҷу шӯришҳои халқ маълумотҳои муҳим дарҷ гардидаанд. «Сиëсатнома» барои омӯхтани насри асри 11 форс-тоҷик ва таъриху географияи замони Салҷуқиëн аҳамияти калон дорад. «Сиëсатнома» дар Франсия (1893) ва Эрон (1932) ба табъ расида, ба забонҳои франсавӣ, немисӣ, англисӣ ва русӣ тарҷума шудааст.

                                                              А. Алимардонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …