Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИЛЛОГИСТИКА

СИЛЛОГИСТИКА

СИЛЛОГИСТИКА, (аз юнонӣ sullogistikos — хулосабарор), таърихан аввалин таълимоти дедуксияи мантиқист (Арасту пешниҳод кардааст), ки дар он муҳокима ба шакли қиёс таҳқиқ мешавад. Дар Силлогистика, аз як муқаддима (хулосабарории мустақим), ду муқаддима (силлогизми мураккаб) ва на камтар аз се муқаддима (полисиллогизм) хулоса бароварда мешавад. Вале Силлогистика диққати асосиро ба назарияи силлогизми қатъӣ равона мекунад, ки дорои ду муқаддима ва як хулосаи қатъӣ мебошад. Шаклҳои мухталифи Силлогистикаро баъд аз Арасту намояндагони мактаби машшоъ, равоқия ва дигигар мантиқшиносни асрҳои миёна инкишоф додаанд. Дар таълимоти Ф. Бэкон ва Р. Декарт Силлогистика унсури асосии мантиқи анъанавӣ дониста шудааст. Бо ташаккул ва инкишофи мантиқи математикӣ Силлогистика дар омӯзиши ифодаҳои мантиқӣ мақоми хос пайдо кардааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …