Маълумоти охирин

СИАМҲО

СИАМҲО, кхонтайҳо, миллат, аҳолии асосии Тайландро гӯянд. Шумораашон дар Тайланд зиёда аз 24 млн нафар (1978), инчунин дар Малайзия ва Бирма (50 ҳазор нафар) зиндагӣ мекунанд. Ба забони кхонтайӣ (яке аз шохаҳои тайии оилаи забонҳои хитоию тибетӣ) гап мезананд. Диндорон пайрави шохаи ҷанубии буддоия мебошанд. Дину оини халқӣ (парастиши рӯҳҳои гуногун) низ паҳн шудааст. Муҳоҷирати аҷдоди Сиамҳо, аз ноҳияҳои ҷанубии Осиёи Шарқӣ ба территорияи Тайланд дар ибтидои милод сар шуда, хусусан дар асрҳои 11—12 авҷ гирифт. Сиамҳо дар асри 14 ҳамчун халқият ташаккул ёфта, давлати мутамаркази Тайро ташкил карданд. Машғулияти асосиашои деҳқонӣ (шолӣ ва обчакорӣ), боғдорӣ ва инчунин моҳигирист. Пролетариати миллӣ камшумор аст. Аз ҳунарҳои хонагӣ мардон бо бофтани асбобҳои рӯзгор ва кандакорӣ, занҳо бо шоҳибофӣ ва кулолӣ машғуланд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …