Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШӮХИИ ХУҶАНДӢ

ШӮХИИ ХУҶАНДӢ

ШӮХИИ ХУҶАНДӢ (с. тав. ва ваф. номаълум), шоири тоҷик (а. 18). Писари Шайдои Хуҷандӣ. Давраи наврасӣ ва таҳсили ибтидоиаш дар зодгоҳаш гузаштааси. Дар ҷавонӣ пас аз вафоти падар, барои такмили дониш ба Бухоро ва Хуҷанд рафтааст. Муддате дар дарбор хидмат кардааст.

Аз Ш. X. девони ашъор боқӣ мондааст, ки дар он ғазалҳо, қасоид, рубоиёт, 2 маснавии хурд, 3 мухаммас ва қитаоти таърихӣ фароҳам омадаанд. Ғазалҳои зиёди Ш. X. дар баёзҳо низ ба назар мерасанд.

Мавзуъҳои ғазалиёти Ш. X. ишқу ошиқӣ, ҳасби ҳол, танқиду эътироз бар зидди замонаи номусоид, панду насиҳат, танқиди зоҳидони фиребгар ва ғ. мебошанд. Ш. X. Дар ғазалҳояш дастгирӣ кардани мардуми ҷафодида, дустиву рафоқатро тарғиб кардааст. Аксар ғазалҳои Ш. Х. бо забони содаву равон суруда шудаанд. Ш. X. зери таъсири Ҳофии Шерозӣ ва Бедил ғазал гуфтааст. Дар ғазалҳои ба пайравии Бедил сурудааш мавзуъҳои ирфонӣ ба назар мерасанд. Рубоиёти Ш. X. соддаву равонанд. Инак, як рубоии Ш. X.:

Онҳо, ки гули риёзи идрок шуданд.

Аз дасти фалак ғунчаи дилчок шудем,

Диданд ҷаҳон мақоми хуштабъони нест

Рафтанд ҳамон таҳи замин хок шуданд

Ш.Х ба забони узбекӣ низ шеър гуфтааст. Нусхаи дастнависи девонаш дар ганҷинаи дастнависҳои ин-ти шарқшиносии АФ РСС Тоҷ- ва кабинети Ҷомии УДТ маҳфузанд.

Г.Неъматзода

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …