Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШТРАУС Иоганн

ШТРАУС Иоганн

shtraus-i

ШТРАУС (Straus) Иоганн (25. 10. 1825, Вена —3. 6. 1899, ҳамон ҷо), композитор, дирижёр ва скрипканавози австриягӣ. Ш. ба ҷуз устоди барҷастаи санъатн дирижёрӣ буданаш, инчунин дар скрипканавозӣ маҳорати хосе дошт ва дар концертҳои худ ҳарду ҳунарашро ба кор мебурд. Ш. мусиқии раценро бо асарҳои мухталиф (тақр. 500 вальс, галоп, полька, кадриль ва ғ.) ғанӣ гардонд.

Вальсҳои Ш. аз бисьёр ҷиҳат бо анъанаҳои фольклорӣ ва мусиқии халқҳои Вена пайвастанд. Ш. вальси типи классикии Венаро эҷод карда, ба гирифтани унвони «шоҳи вальс» мушарраф шуд. Вальсҳо («Дар соҳили Дунайи зебои нилгун», «Ҳаёти ҳунарпеша», «Афсонаҳои бешазори Вена», «Хуни Вена», «Садоҳои баҳорӣ», «Май, ишқ ва суруд»), полькаҳо («Трич-трач», «Пиццикато-полькай») ва галопҳои ӯ («Ҷунбиши доимӣ») дар ҷаҳон машҳуранд. Ш. инчунин эҷодкори намунаи классикии опереттаи венагист: «Куршабпарак» (1874), «Ҷанги хурсандибахш» (1881), «Шабе дар Венеция» (1883), «Барони лулӣ» (1885).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …