Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ШОҲЗОДА МУҲАММАД ибни Саидфаррухшоҳ

ШОҲЗОДА МУҲАММАД ибни Саидфаррухшоҳ

ШОҲЗОДА МУҲАММАД ибни Саидфаррухшоҳ, (1866, деҳаи Поршневи Шуғнон—1938, ҳамон ҷо), табиби халқӣ. Илми тибро бо худомӯзӣ ёд гирифтааст. Ш. пеш аз муолиҷаи бемор набз ва забони уро муоина карда, баъд ба таҳқиқи пешоб ва наҷосат мепардохт. У ин корҳоро аз духтур Хмаевский омухта буд. Ш. барои табобати касалиҳои дарунӣ доруҳои сертаркиби омехтаро истифода мебурд. У дар асоси «Тибби Акбарӣ», «Махзан-ул-адвия», «Захираи хоразмшоҳӣ», асарҳои тиббии Ибни Сино ва ғ. китобе таълиф намудааст. Дар он растаниҳои доруӣ ба арабӣ, тоҷикӣ ва шуғнонӣ навишта шудаанд. Мас. Торон ба се ном яъне ҳумоз (арабӣ), торон (тоҷикӣ)

ва мист (шуғнонӣ) зикр ёфтааст. Ш. дар китоб номи бисьёр беморӣ ва

узвҳоро низ аз арабӣ ё юнонӣ ба тоҷикӣ гардонидааст.

М. Маҳмадшоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …